Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев

14.01.2013 10:46

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Табрикоти самимонаи маро ба муносибати 20-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.

Дар давоми 20 соли гузашта миёни кишварҳои мо муносиботи қавии ҳамҷаворӣ, ки сол то сол хусусияти пурмазмун ва динамикӣ касб мекунанд, ба роҳ монда шудааст.
Мутмаинам, муносиботи Қирғизистону Тоҷикистонро, ки мавқеъҳои муштарак дар ҳалли масъалаҳои калидии минтақа муттаҳид месозад, минбаъд низ рушд ёфта, ба манфиати халқҳоямон ва давлатҳоямон устувортар хоҳанд гашт.

Ба Шумо самимона тансиҳатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон муваффақиятҳои калон, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520