Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи таъзия ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

27.12.2012 19:07

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи ҳамдардӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

Мӯҳтарам Нурсултон Абишевич,

Хабари фоҷиавии садамаи ҳавопаймои низомиву нақлиётие, ки дар назди Шимкент рух дод ва боиси ҳалокати хизматчиёни ҳарбии Хадамоти сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гардид, маро сахт андӯҳгин намуд.

Дар ин лаҳзаҳои пур аз ғаму андӯҳ мо ба дарди Шумо нисбати ин талафоти вазнин шарик ҳастем.

Хоҳишмандам ҳамдардии самимии моро ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони ҳалокшуда изҳор намоед.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520