Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

22.12.2012 12:17, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра кадрҳои ба вазифаҳои масъул дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Тавре аён гардид, ин кадрҳо, асосан ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сатҳи раёсатҳои сохторӣ ва шуъбаҳои шаҳрию ноҳиявии Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии назорати маводи нашаовар пешниҳод шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуда, дар наздашон доир ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои коррупсионӣ ва вобаста ба маводи мухаддир вазифаҳои мушаххас гузошт.

Таваҷҷуҳи хос, ҳамчунин ба пешгирӣ аз хариду фурӯши ғайриқонунии замин барои сохтмони манзил зоҳир карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520