Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби президенти ширкати Ҳуавейи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ами Лин

21.12.2012 16:17, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти ширкати Ҳуавейи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ами Линро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот, ки бо иштироки масъулини дахлдор аз ҷониби Тоҷикистон ҷараён гирифт, ҷанбаҳои техникию молиявии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, тибқи ин лоиҳа дар ҳамаи чорроҳаҳо ва кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе камераҳои наворбардорӣ ва аксгирӣ гузошта мешаванд, то ки бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ба таври автоматӣ аз тариқи дастгоҳҳои электронӣ назорат карда шавад.

Тавассути камера ва таҷҳизоти аксбардорӣ натанҳо ҳаракат дар роҳҳо, балки риояи тартиботи ҷамъиятӣ назорат карда мешавад. Бо татбиқи босамари ин лоиҳа, ҳамчунин мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия, саҳл гардида, як қадами муҳим дар роҳи гузаштан ба ҳукумати электронӣ гузошта мешавад.

Ин лоиҳа бо харҷи 22 миллион доллари амрикоӣ, ки қисмати зиёдаш қарзи имтиёзноки Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, дар зарфи 7 моҳ амалӣ гардида, 5 сол муҳлати кафолат дорад. Дар доираи ҳамин лоиҳа аз ҷониби ширкати Ҳуавей мутахассисони тоҷик барои кор бо ин таҷҳизоти муосири электронӣ омӯзонда мешаванд.

Истифодаи босамари ин технология дар роҳҳои шаҳри Душанбе имкон медиҳад, ки хароҷоти лоиҳа дар зарфи 6 сол барзиёд баргардонда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки лоиҳа бо сифати баланд ва бо истифода аз навтарин технологияи соҳа амалӣ карда шавад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар сурати босифат ва самарабахш амалӣ шудани лоиҳа ин кор дар шаҳру ноҳияҳои дигар низ амалӣ карда мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520