Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикотӣ ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея Пак Кын Хе

20.12.2012 19:58

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея Пак Кын Хе барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин гуфта мешавад:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Дар иртибот ба пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Корея сарфарозам ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти неки худро бифиристам.

Ҷониби Тоҷикистон ба пешбурди маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Корея аҳамияти хоса медиҳад.

Боиси қаноатмандист, ки имрӯз байни кишварҳои мо дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн робитаҳои гуногунҷанбаи созанда ба роҳ монда шудаанд ва мо ба густариши минбаъдаи онҳо бовар дорем.

Бо изҳори омодагии хеш ҷиҳати саъйю талошҳои муштарак дар ин самт, ба Шумо сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея хушбахтиву шукуфоии рӯзафзун таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520