Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба Маскав

19.12.2012 01:19

Шоми рӯзи 18-уми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоишҳои навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аз шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия рафт.

Дар ҳамоишҳои сарони давлатҳои ин ду созмони қаламрави пасошӯравӣ, мутаносибан масоили амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва масъалаҳои рушди ҳамкории иқтисодӣ ва механизмҳои муттаҳидсозии имконоти муштараки давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баррасӣ мешавад.
 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520