Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

16.12.2012 10:51

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

Муҳтарам Нурсултон Абишевич,
Барои ман мояи сарфарозист, ки табрику таҳнияти самимии хешро ба муносибати фаро расидани Рӯзи Истиқлолият ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Қазоқистон ирсол намоям.

Мо муносибатҳои дӯстонаи анъанавии миёни мамлакатҳоямон ва халқҳоямонро қадр карда, барои таҳкиму густариши онҳо тамоми имконотро истифода хоҳем кард.

Ин санаи муҳим ба ман имкон дод, ки ба Шумо, муҳтарам Нурсултон Абишевич тани сиҳат, хушбахтӣ, бурдбориҳо ва ба мардуми Қазоқистон – сулҳу субот таманно намоям.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520