Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи таъзия ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Барак Ҳусейн Обама

15.12.2012 18:50

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Барак Ҳусейн Обама барқияи таъзия ирсол дошт, ки дар он омадааст:

Муҳтарам ҷаноби Президент,

Бо андӯҳи бузург хабари дар мактаби Сендихуки иёлоти Коннектикут аз дасти як ҷинояткори нохалаф ба ҳалокат расидани бисту ҳафт нафар мактаббачагонро дарёфт намудам.

Ин хабари мудҳиш бори дигар собит сохт, ки тамоми аҳли башар бояд дастиҳам гирифта, бо ҳар гуна зуҳуроти зӯроварӣ ва таҷовуз ба ҳуқуқи инсон, ки зимни он ҳуқуқ ба ҳаёт аз муҳимтарин рукнҳои он аст, муборизаи беамон барад.

Бо изҳори тасаллият ва таъзияи амиқ хоҳишмандам самимонатарин эҳсоси ҳамдардӣ ва ҳамраъйии мардуми Тоҷикистон, Ҳукумати кишвар ва инҷонибро ба наздикони ҳалокшудагон бирасонед.
 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520