Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи корхонаи ресандагии «Олим-текстайлз»

25.03.2011 15:00, ноҳияи Мастчоҳ

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар ин рўзҳои наврўзӣ, ки мову шумо ба муносибати ифтитоҳи боз як самараи неки раванди созандагиву бунёдкории Тоҷикистони соҳибистиқлоли бистсола, яъне корхонаи муосири ресандагӣ ҷамъ омадаем, ҳамаи шумо ва тамоми сокинони заҳматписанду боғурури ноҳияи Мастчоҳро бо ин рўйдоди муҳим ва ба ифтихори ҷашни ҷаҳонии Наврўз табрику таҳният мегўям.

Воқеан, Наврўзро зодрўзи ҷаҳон гуфтаанд ва дар оғози баҳор ифтитоҳи корхонаву муассисаҳо, мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, манзилҳои истиқомативу дигар иншооти иҷтимоӣ ва шурўъ кардан ба корҳои саҳроиву бунёди боғу токзори нав, бешубҳа, яке аз суннатҳои неку писандидаи наврўзӣ ва татбиқи пайгиронаи раванди ободонии Ватани азизамон мебошад.

Имрўзҳо, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба таҷлили бистумин солгарди истиқлолияти давлатии худ омодагӣ мегиранд, ҳамчун натиҷаи солҳои соҳибихтиёрӣ метавон гуфт, ки дар кишварамон дар ин давра даҳҳо корхонаҳои нави саноатӣ бунёд гардиданд ва мо дар назди худ вазифа гузоштаем, ки бо вусъат додани ин раванд Тоҷикистонро аз кишвари содиркунандаи ашёи хом ба кишвари истеҳсолкунандаи молу маҳсулоти тайёр табдил диҳем.

Дар ҷараёни сафарҳои қаблии худ ба вилояти Суғд ба сохтору мақомоти дахлдор супоришҳои зарурӣ дода будам, ки ҷиҳати бунёд кардани корхонаҳои ресандагӣ ва татбиқи саривақтии барномаҳои давлатии рушди саноати сабук тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дирўзу имрўз мавриди истифода қарор гирифтани чор корхонаи нав натиҷаи заҳмати шабонарўзии мардуми шарифи вилоят ва соҳибкорони бонангу номус буда, баёнгари он аст, ки сиёсати давлат дар самти рушди саноати сабук ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ муваффақона татбиқ шуда истодааст.

Яъне солҳои охир дар қаламрави кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд коркарди ашёи хоми ватанӣ, хусусан нахи пахта тадриҷан вусъат ёфта истодааст ва ин иқдоми нек татбиқи барномаҳои ҳукуматро доир ба рушди саноати сабук барои солҳои 2006-2015 ва коркарди нахи пахта ба хубӣ ифода месозад.
Дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Мастчоҳ, Зафаробод ва Спитамен корхонаҳои муосири ресандагӣ бунёд гардиданд, ки коркарди пурраи нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ самти асосии фаъолияти онҳо ба ҳисоб меравад.

Ин аз як тараф имкон медиҳад, ки ашёи хоми маҳаллӣ дар сатҳи зарурӣ коркард шавад ва аз ҷониби дигар ба рушди иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Инчунин, дар баробари афзун гардидани иқтидори истеҳсоливу содиротии кишвар ҳазорҳо ҷойи нави корӣ таъсис мегардад, зеро дар шароити кунунӣ бо шуғл фаро гирифтани теъдоди ҳарчи бештари шаҳрвандон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.

Бояд гуфт, ки барои сохтмон ва таҷҳизонидани ин корхонаи саноатӣ қариб 140 миллион сомонӣ (зиёда аз 31 миллион доллари амрикоӣ) сарф гардидааст.

Иқтидори солонаи ин корхонаи ресандагӣ, ки бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардидааст, коркарди 7 ҳазор тонна нахи пахта мебошад ва дар ин коргоҳ 400 нафар мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин мегарданд.

Муассисони корхона ният доранд, ки дар ояндаи наздиктарин дар баробари сехҳои ресандагӣ, инчунин сехҳои бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дўзандагӣ бунёд карда, шумораи коргаронро ба 1400 нафар расонанд.

Пешбинӣ шудааст, ки баъди ба кор оғоз кардани навбати дуюми корхона гардиши солонаи маҳсулоти он 270-280 миллион сомониро ташкил хоҳад кард.

Барои чунин иқдоми ватандўстона ба муассисон, мутахассисону коргарон ва ба ҳамаи онҳое, ки дар ташкили ин корхонаи нави замонавӣ ҳиссаи арзандаи худро гузоштаанд, арзи сипосу миннатдорӣ баён карда, барои амалӣ шудани нақшаҳои минбаъдаашон ба ҳамаи онҳо комёбӣ ва барори кор мехоҳам.

Ҳамчунин, ба роҳбарияти Бонки Рушди Евразия, ки сармоягузори асосии корхона мебошад, изҳори сипос менамоям ва итминон дорам, ки ҳамкориҳои созандаи мо минбаъд низ идомаи нек хоҳанд ёфт.

Вобаста ба ин, ба сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки ҷиҳати рушди соҳаи саноати сабук ва иҷрои барномаҳои қабулшудаи давлатӣ дар ин самт ва бо ҷалби имкониятҳои соҳибкорони баландҳиммату ватандўст ба бунёди корхонаҳои нави истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ, трикотажӣ ва шоҳибофӣ вусъат бахшида, барои тақвияти иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатии мавҷуда чораҳои зарурӣ андешанд.

Имрўз зарурати истеҳсоли матоъҳои хушсифати анъанавӣ, аз қабили атласи тоҷикӣ, адрас ва алоча ба миён омадааст, зеро мо ба ин васила метавонем фарҳанги истеҳсоли матоъ ва дўхти либоси миллии тоҷикиро бо истифода аз матоъҳои абрешиму пахтагин, ки ҳам зебо ва ҳам барои саломатӣ судманд аст, густариш диҳем.

Мо барои рушди соҳа ашёи хоми асосӣ – пахтаро худамон истеҳсол мекунем, ки ин омил дар шароити зуд тағйирёбандаи вазъи бозори ҷаҳонӣ бисёр муҳим мебошад.

Пахтакорӣ яке аз соҳаҳои асосии иқтисоди миллии мост, вале то ба ҳол пахтаи мо асосан ҳамчун ашёи хоми саноатӣ ба кишварҳои дигар содир мешавад, ки ба манфиати иқтисодии давлат нест. Яъне ҳанўз ҳам дар кишвар коркарди нахи пахта ва истеҳсол кардани маҳсулоти ниҳоӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Ин яке аз масъалаҳои асосии соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати мамлакат мебошад, зеро дар сурати ҳарчи бештар коркард шудани пахтаи истеҳсолгардида дар дохили мамлакат аксари мушкилоти соҳаи пахтакорӣ низ ҳаллу фасли худро ёфта, он ба яке аз соҳаҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ табдил мегардад.

ҳарчанд дар даврони истиқлолият 22 корхонаи коркарди нахи пахта таъсис ёфта, иқтидори солонаи истеҳсолии онҳо ба 65 ҳазор тонна нах расонида шуд, вале ҳоло ҳам дар масъалаи таҷдиди корхонаҳо бо технологияи муосир ва беҳтар кардани сифати нахи пахта ва истеҳсоли газвору матоъҳои баландсифати пахтагӣ аҳамияти ҷиддӣ додан зарур аст.

Аз ин лиҳоз, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дигар мақомоту сохторҳои дахлдор вазифадоранд, ки доир ба истифодаи ҳарчи пурра ва самарабахши иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ, ташкили корхонаҳои нав ва бо ҳамин роҳ афзоиш додани ҷойҳои нави корӣ мунтазам чораҷўӣ намоянд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби худ барои рушди соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ тамоми шароити заруриро фароҳам оварда, бо мақсади ҳавасманд намудани сармоягузорон ва суръат бахшидан ба раванди сохтмони корхонаҳои нави коркарди нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он бисёр имтиёзҳо муқаррар кардааст.

Ҳадафи асосии мо аз ин тадбирҳо ҳарчи бештар истифода бурдани ашёи хоми маҳаллӣ ва коркарди саноатии он, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, содироти он ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва муҳимтар аз ҳама, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Анҷом додани ин корҳо аз як ҷониб татбиқи Стратегияи миллии рушди ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи то соли 2015 таъмин менамояд ва аз тарафи дигар имкон медиҳад, ки даромади аҳолӣ афзуда, сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон боз ҳам беҳтар гардад.

Барои муваффақ шудан ба ин ҳадафҳо, пеш аз ҳама, ба ҳар кадоми мову шумо лозим аст, ки кору фаъолияти худро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монем, ташаббуси соҳибкорони ҳимматбаланд ва афроди бонангу номуси ҷомеаро дастгирӣ кунем ва ба хотири ободии Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон, ки имсол бистумин солгарди истиқлоли онро таҷлил мекунем, бо азму иродаи қавӣ, дили поку нияти нек ва содиқонаву софдилона заҳмат кашем.

Лозим ба ёдоварист, ки бо мақсади ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва таъмини минбаъдаи пешрафту тараққиёти он ҳукумати мамлакат санади махсус - «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд барои солҳои 2008 – 2015» - ро қабул намуда, онро амалӣ карда истодааст.

Илова бар ин, танҳо дар доираи татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи Душанбе – Чанак дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ бо сарфи қариб 50 миллион сомонӣ 28 километр роҳ дар сатҳи баланд сохта, ба истифода супорида шуд.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 «Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2014» дар ноҳияи Мастчоҳ беҳсозии вазъи қариб 1700 гектар ба маблағи миллионҳо сомонӣ оғоз гардида, ҳоло ин кор идома дорад.

Боиси қаноатмандист, ки маҳз бо заҳмату талошҳои мардуми меҳнатдўст ва мушкилнописанду ободкори ноҳия то имрўз корҳои зиёди созандагиву бунёдкорӣ ба анҷом расонида шудаанд ва сокинони Мастчоҳ сарбаландона собит карда истодаанд, ки давомдиҳандаи кори наслҳои ободгару бунёдкори гузашта, яъне падарони боғурури худ мебошанд.

Заҳматкашони асили ноҳия дар қатори кишоварзони дигар ноҳияҳои мамлакат манфиатнокии афзоиш додани маҳсулоти кишоварзӣ ва вазъи талаботи бозори ҷаҳониро ба инобат гирифта, соли гузашта истеҳсоли пахта ва дигар зироатҳои кишоварзиро нисбат ба нақшаи дурнамо барзиёд иҷро карданд, ки ин аз меҳнатдўстиву заҳматписандии шумо - сокинони воқеан ободкори ноҳия шаҳодат медиҳад.

Дар баробари ин, ҳукумат минбаъд низ ташкилу ба истифода додани корхонаҳои нав, таъмиру сохтмони роҳҳову дигар иншооти муҳим, тармиму азнавсозии мактабҳо, бунгоҳҳои тиббиву марказҳои тиҷоратӣ ва бунёди боғҳои наву барқарорсозии боғҳои кўҳна, шодобгардонии заминҳои бекорхобидаи кишоварзӣ ва дигар корҳои ободониро идома медиҳад ва дар ин раванд, мо умедворем, ки мардуми боғайрати ноҳияи Мастчоҳ, соҳибкорон ва фарзандони бонангу номуси ин диёр дар ин кори хайр чун ҳарвақта фаъолона саҳм мегузоранд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба мардуми заҳматписанду меҳмоннавози вилоят, аз ҷумла сокинони сарбаланди ноҳияи Мастчоҳ муроҷиат менамоям, ки аз ҳар як рўзи баҳор самаранок истифода карда, корномаи бузурги падарону бобоёни худ - кишоварзони шўҳратёри Дилварзинро идома дода, барои ободу зебо гардонидани Ватани азизамон саъю талош намоянд.

Ман ба нангу номуси баланди миллӣ, ватандориву ватандўстӣ ва мардонагиву ғурури мардуми Мастчоҳ итминони комил дорам ва хуб медонам, ки онҳо ин хислатҳои неку писандидаро дар замири фарзандони худ – наврасону ҷавонон парвариш медиҳанд ва онҳоро ҳамчун насли сазовори номи неки гузаштагон ва давомдиҳандаи суннатҳои волои тоҷикон ба камол мерасонанд.

Дар охир бори дигар ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ ва мардуми заҳматписанду меҳмоннавози Мастчоҳро ба ифтихори Наврўзи оламафрўз – Соли нави аҷдодиамон ва ифтитоҳи корхонаи нав самимона табрик гуфта, ба ҳамаатон рўзгори хушу осуда, ба муассисон ва кормандони муҳандисиву техникии коргоҳ барои дар мўҳлати муқарраршуда омода намудани навбати дуюми он ғайрату ҳиммат ва барори кор орзу менамоям.

Бисёр хушҳолам, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва хусусан айёми наврўзӣ бистумин баҳори ҷашни муқаддаси истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизу маҳбубамонро ҳамроҳи шумо пешвоз мегирем.

Наврўзи имсола - баҳори умеду ормонҳои ҳазорсолаи миллати куҳанбунёди тоҷик, баҳори ҳувияту андешаи созандаи миллӣ ва баҳори озодиву истиқлол мебошад.

Бистумин баҳори истиқлол ва ҷашни Наврўзи Аҷам ба ҳар хонаводаи тоҷик муборак бод!

Ҳамеша сарсабз ва комгору пирўз бошед, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520