Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маҷлиси ботантана бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

16.11.2012 15:08, шаҳри Душанбе

Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Борбади пойтахт маҷлиси ботантана бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмуҳтаво аз рӯзҳои сахту сангини солҳои аввали истиқлоли давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла бесарусомониҳои солҳои 1991 ва 1992, ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш, қурбон шудани беш аз яксадупанҷоҳ ҳазор шаҳрванд ва ба харобазор табдил ёфтани минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ ёдовар шуда, таъкид дошт, ки маҳз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти минбаъдаи давлату миллати мо нақши ҳалкунанда гузошта, барои раҳоии давлати навбунёд аз оташи ҷанги харобиовар ва ҳамчунин барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард.

Тавре таъкид гардид, низоъҳои дохилии давомдор ва бесалоҳиятии ҳокимияти марказӣ дар тӯли таърих боиси парокандагӣ ва нобудшавии миллатҳо ва давлатҳои зиёд гардидааст.

Бо ёдоварӣ аз нақшаҳои пурхатари доираҳои муайяни хориҷӣ ва баъзе сиёсатмадорону гурӯҳҳои хиёнаткори дохилӣ доир ба ғарқи хун кардани Тоҷикистон ва пароканда намудани ин давлату миллат зикр гардид, ки ба шарофати иҷлосияи 16-ум давлатдории миллии мо аз вартаи фалокатбор раҳо ёфт. Ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «танҳо худи ҳамин далел басанда аст, ки Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии мамлакатро аз муҳимтарин зуҳуроти тақдирсози таърихи муосири халқи тоҷик арзёбӣ намоем».

Чунонки зикр гардид, «ҷомеаи ҷаҳон низ санадҳои қабулнамудаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва азму иродаи роҳбарияти нави давлатро дар хусуси барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва эъмори давлати демократӣ, хуқуқбунёд ва дунявӣ дастгирӣ намуд».

Тазаккур дода шуд, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар мафкураи ҳар як сокини Тоҷикистон нақши муҳим гузошта, мардуми кишварро ба корҳои созандагӣ ҳидоят намуд, орзуву ормони халқро ба сохтори давлати демократӣ ва ташкили зиндагии осоишта қавӣ намуда, боиси афзоиши эътимоди шаҳрвандон ба ояндаи орому осуда ва пешрафту тараққиёти давлат гардид.
Аз ин хотир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи иштирокдорони он иҷлосияи таърихӣ ва ҳар як нафаре, ки дар ташкил ва гузарондани он саҳм гузошта буданд, арзи сипос намуд. Сипосу миннатдории самимӣ, ҳамчунин ба Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ҳамаи созмонҳою давлатҳое, ки дар барқарорсозии сулҳу субот дар Тоҷикистон ва таъмини рушди босуботи ҷомеа саҳм гузоштаанд, баён карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аҳли толор ва мардуми кишварро ба зарурати таъмини ваҳдату ягонагии миллӣ махсус ҷалб намуда, бо арзи эҳтиром ба мавқеи хоси сиёсӣ, ақидавӣ ва барномаҳои ҳизбу созмонҳои сиёсию ҷамъиятӣ таъкид бар он дошт, ки “манфиатҳои миллӣ, арзишҳои бунёдии давлатдорӣ ва суботу амнияти кишвар аз манфиатҳои маҳдуди ҳизбиву гурӯҳӣ бояд ҳамеша боло гузошта шаванд”.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни андешаронӣ оид ба вазифаҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдорӣ панҷ самти афзалиятнокро муайян намуд. Якум - ҳифзи давлатдории миллӣ, дувум - ҳамаҷониба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, савум - ба таври огоҳона муттаҳид намудани мардуми кишвар дар атрофи ғояи «Тоҷикистони соҳибихтиёр - Ватани ягонаи мо», ҷаҳорум - рушду такомули фарҳанги сулҳ ва ризоияти миллӣ, панҷум - «Рӯ овардан ба ҷавонон» ва шашум - ҳифзи ҳуввияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ.

Дар фароварди сухан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуд, ки сарфи назар аз тадбирҳои зиёди созандаи давлату ҳукумат, ҳанӯз камбудиву масъалаҳои ҳалталаб кам нестанд. Аз ин хотир бо изҳори бовару эътимод ба иродаи қавӣ, нерӯи созанда ва хиради азалии мардуми сарбаланду шарафманди тоҷик таъкид гардид, ки “дар ояндаи наздик мо ҳама якҷо бо заҳмати созандаву ободгарона мушкилоти мавҷударо тадриҷан бартараф карда, зиндагии шоистаи мардуми кишварро таъмин менамоем”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520