Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

30.10.2012 19:57, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти роҳбарӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Ҳамин тариқ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Ҳикматов аз вазифаи Раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд озод шуд ва ба ҷои ӯ Мирзоаҳмад Аҳмадзода Иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия таъин гардид.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Нозирӣ аз вазифаи Муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Воробев Владимир Василевич аз вазифаи Сармуҳаррири рӯзномаи Народная газета, Ҳайдар Ҷӯраев аз вазифаи Сармуҳаррири рӯзномаи Халқ овози, Абдурашид Хуҷамқулов аз вазифаи Муовини якуми директори телевизиони Сафина ва Шаҳло Насриддинова аз вазифаи Муовини директори телевизиони Сафина, Исроил Носиров аз вазифаи Директори гурӯҳи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ ва Зафар Саидов аз вазифаи Муовини роҳбари минтақаи озоди иқтисодии Суғд озод шуданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Саид Сиддиқов Муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сироҷиддин Иззатуллоев Сармуҳаррири рӯзномаи Народная газета, Ёқубҷон Абдуманонов Сармуҳаррири рӯзномаи Халқ овози ва Абдукарим Ҳикматов Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии Востокредмет таъин карда шуданд.

Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камол Абдураҳимов аз вазифаи Сармуҳаррири рӯзномаи Ҷумҳурият, Ҳуриннисо Ализода аз вазифаи Сармуҳаррири Маҷаллаи Бонувони Тоҷикистон ва Саид Сиддиқов аз вазифаи Мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуданд.

Ҳамчунин бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳло Насриддинова Сармуҳаррири Маҷаллаи Бонувони Тоҷикистон, Исроил Носиров Директори гурӯҳи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ, Ҳуринисо Ализода ва Нодир Мирзоев муовинони директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурашид Хуҷамқулов Директори Радиои Тоҷикистон ва Самариддин Гадоев Директори шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нафарони ба вазифаҳои нави пурмасъулият таъиншударо табрику таҳният гуфта, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ва риояи бечуну чарои талаботи қонунгузории кишвар ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520