Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор доир ба Тоҷикистон Тодд Шнайдерро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор ва кишварҳою созмонҳои мададрасон баррасӣ шуд.
Таваҷҷўҳи асосӣ ба нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, тамоюлҳои кунунӣ дар бозори ҷаҳонию минтақавӣ, болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ ва озуқаворӣ ва ҳамчунин роҳҳои пешгирӣ аз осебпазирии кишвари мо аз ин равандҳо зоҳир гардид.
Тодд Шнайдер ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои кори дуҳафтаинаи ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор дар шаҳри Душанбе иттилоъ дода, аз дастовардҳои Тоҷикистон дар шароити рў ба коҳиш овардаи бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ба иттилои Тодд Шнайдер ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор тайи ду ҳафта бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистон як зумра тадбирҳо андешидаанд, ки ба баррасии Шўрои директорони хазина пешниҳод мегардад. Дар сурати ба тасвиб расидани ин пешниҳод ба Тоҷикистон барои дастгирии рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла коҳиш додани таъсири манфии болоравии нархи озуқаворӣ ва маҳсулоти нафтӣ дар бозори ҷаҳонӣ 20 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо карда мешавад.
Зимни сўҳбати пурмўҳтаво ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи ҳамкории судбахш таъкид намуданд.