Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешниҳод дар бораи бозхондани раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва таъини кадрҳои дигар ба ин вазифаҳо

21.02.2011 00:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаҳо бозхондани раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини кадрҳои дигар ба ин вазифаҳо пешниҳод ирсол намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи моддаи 69 Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 11 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод намудааст, ки Мирзоалӣ Болтуев бо сабаби ба нафақа баромадан, Муовини раиси комиссия Мизроб Кабиров ва ду нафар аъзои он Низомиддин Зоҳидов ва Саймурод Тағоев бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифаҳо озод карда шаванд. Ваколати узви дигари комиссияи мазкур Бобоҷон Лақаев бошад бо сабаби вафоташ боздошта мешавад.

Тибқи пешниҳоди дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гашт, Шермуҳаммад Шоҳиён ба вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Ба вазифаи муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Холиқов - декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва ба мақоми аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидбой Зокиров – Раиси Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Раҳмон Зиё – Муовини директори маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нуралӣ Саидов – Котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520