Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз сафирони нав

19.10.2012 18:10, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Украина ва Нидерландия эътимоднома қабул намуд.

Ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири нави фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Сюзен Мари ЭЛЛИОТ, аз Украина Никитюк Виктор Олегович ва аз Нидерландия Ван Левен Ретер барои намояндагии дипломатӣ кардан аз давлатҳои худ эътимоднома супурданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки барои рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд нақши намоён мегузоранд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди ҳамёрии пурмазмуни Тоҷикистону Амрико дар соҳаҳои сиёсат ва амният изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон зарурати густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳими иқтисодиро таъкид намуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Украинаро шарики муҳими Тоҷикистон дар фазои афзалиятноки пасошӯравӣ номида, бо қаноатмандӣ ёдовар шуд, ки дар тӯли 21 соли рушди мустақил ду кишвар густариши зина ба зинаи робитаҳои сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии худро таъмин намуда, босамар идома медиҳанд.

Шоҳигарии Нидерландия бошад аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар Аврупо номида шуд. Изҳори умед карда шуд, ки Тоҷикистону Нидерландия дар чаҳорчӯби муносиботи дуҷониба ва ҳам дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамгироии боз ҳам босамар ба роҳ мемонанд.

Сафирони нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Украина ва Нидерландия дар навбати худ изҳор доштанд, ки барои рушди босуботи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон ҷаҳду талош мекунанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520