Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Федератсияи футболи Аврупо (УЕФА) Мишел Платини

10.10.2012 18:05, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи футболи Аврупо (УЕФА) Мишел Платиниро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҳолати кунунию дурнамои футболи тоҷик ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ бо УЕФА ва созмонҳои вобаста ба футболи кишварҳои Аврупо баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз маҳбубияти баланд ва рушди батадриҷи футбол дар Тоҷикистон ҳикоят карда, иҳори боварӣ намуд, ки дар ояндаи наздик ин намуди варзиш дар кишвари мо оммавияти боз ҳам бештар пайдо мекунад ва футболбозони тоҷик ба қуллаҳои баланди мусобиқоти бонуфузи он дастёб мешаванд.

Гуфтугӯи судманд доир ба бунёди иншооти муосири варзишӣ, тарғиби оммавияти тарзи ҳаёти солим, омодасозии футболбозони наврас, такмили ҳунари онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, ташкил намудани бозию мусобиқаҳои шавқовари минтақавӣ ва дигар роҳҳои рушди футбол дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа сурат гирифт.

Зимни суҳбати пурмуҳтаво Эмомалӣ Раҳмон ва Мишел Платини ҳавасмандии амиқи худро ба густариши ҳамкорӣ доир ба рушди футбол таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520