Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев

10.10.2012 10:50, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсевро, ки барои иштирок дар маҷлиси якҷояи ҳайати мушовараи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамгироии ду кишвар дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи трансмиллӣ, аз ҷумла ҷиноёте, ки дар заминаи терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир содир мегарданд, зоҳир гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамгироии босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар дар пешгирию ошкор намудани ҷиноятҳои гуногун ва дастгир кардани ҷинояткорони пурхатар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид дошт, ки робитаҳои самарабахши вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар минбаъд дар самти мубодилаи иттилооти фаврӣ, омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳа ва расондани кӯмаки техникӣ бояд боз ҳам густариш ёбанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки зимни маҷлиси якҷояи ҳайати мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия доир ба роҳҳои таҳкиму густариши ҳамкорӣ ва баланд бардоштани самарбахшии он қарорҳои дахлдор қабул мегарданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520