Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикотӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао

01.10.2012 12:20

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:

«Мӯҳтарам ҷаноби Раис,

Ба муносибати солгарди эълон шудани Чумҳурии Мардумии Чин табрикоти самимона ва орзӯҳои беҳтаринамро шахсан аз номи худам ва аз номи Ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва дар шахсияти Шумо ба халқи дӯсти чин ирсол медорам.

Чини дӯст тайи даҳсолаҳои охир дар рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ ба муваффақиятҳои шоёни таҳсин ноил гардида, дар арсаи ҷаҳон аз обрӯи баланд бархӯрдор буда, ҳамеша ҷонибдори тамини амнияту суботи ҷаҳон аст.

Тоҷикистон, чун ҳамсояи наздиктарини Чин, ки онро ҳазорҳо риштаҳои дӯстӣ бо ин кишвар пайваст менамоянд, ба ин дастовардҳо ҳамеша бо шавқу ҳаваси самимона назар мекунад.

Мо анъанаҳои пуршарафи ҳамсоягии ҳақиқии нек, ҳисси самимонаи дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳусни таваҷҷӯҳ нисбат ба якдигарро, ки халқҳоямонро бо риштаҳои канданашаванда пайваст менамоянд, қадр мекунем ва чун пештара ҷонибдори нигоҳ доштан ва афзун намудани ин анъанаҳои нек мебошем.

Мо аз вазъияти неки муносибатҳои дуҷониба ҳам дар бахши сиёсӣ ва ҳам дар бахшҳои иқтисодию гуманитарӣ ва, албатта, аз рушди босуръати мушорикати мутақобилан муфидамон, ки ҷавобгӯи манфиатҳои куллии ҳар ду халқ ва умуман минтақа мебошанд, басо қаноатмандем. Мо худи имрӯз ҳам метавонем, самараҳои сершумори ин ҳамкориро намоиш диҳем.

Мулоқотҳоеро, ки мову Шумо, мӯҳтарам ҷаноби Раис, чанде пеш дар доираҳои ҳам Созмони Ҳамкории Шанхай ва ҳам дар ҳошияи сафари давлатиам ба кишвари зебои Шумо доштем, бо камоли самимият ба хотир меорам. Мо тайёрем, ки муколамаи доимию боварибахши сиёсиро ба манзури вусъат бахшидану такмил додани муносибатҳои байни кишварҳоямон дар ҳамаи соҳаҳое, ки диққати тарафайнро ба худ ҷалб мекунанд, минбаъд ҳам густариш диҳем.

Тоҷикистон ба рушди бемайлони ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин аҳамияти бузург дода ва ҷонибдори минбаъд ҳам бо мазмуни нави мушаххас ғанӣ гардонидани он мебошад.

Ин воқеаи гуворо ба ман имконият медиҳад, ки ба Шумо, ҷаноби Раис, тансиҳатии бардавом, саодатмандӣ, умри дароз ва ба халқи Чини Бузург беҳбудӣ ва сулҳу шукуфоиро таманно намоям».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520