Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Майкл Ҷонс

31.01.2008 15:40, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Майкл Ҷонсро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

"Тоҷикистон ба сатҳи муносибатҳои худ бо Созмони Милали Муттаҳид баҳои баланд дода, ба таҳкиму густариши минбаъдаи робитаҳо ва татбиқи амалии "Ҳадафҳои рушди ҳазорсола" манфиатдор аст.

Майкл Ҷонс паёми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонда, аз ҷумла таъкид дошт, ки созмони мазкур омода аст, ба кишвари мо баҳри саҳл гардондани мушкилоти имрӯзаи энергетикӣ ва пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ кӯмаки ҳамаҷониба расонад.

Ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкории хурду миёна мубодилаи судманди афкор анҷом доданд.

Майкл Ҷонс ба иқдомоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба гузарондани конфронси байналмилалӣ дар бораи коҳиши офатҳои табиии марбут ба об ва дигар ташаббусҳои обии давлати мо баҳои баланд дод.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва таҳкими оромию субот дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520