Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

04.02.2008 18:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Cарвазири мамлакат ва муовинони ӯ, Роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва Мушовирони давлатии Сарвари давлат машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили вобаста ба зимистонгузаронӣ, омодагӣ ба обхезиҳои эҳтимолии фаслҳои баҳору тобистон, дастгирии кишоварзон барои кишти баҳорӣ, амалӣ намудани механизми нави маблағгузории бахши пахтакорӣ ва ғамхорӣ ба соҳаҳои фарҳангу маориф баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ, таҷдиди марказҳои истеҳсоли барқу гармии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ёвон баҳри бо ангишт ба кор даровардани онҳо, суръат бахшидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, шудгори заминҳои корам, бо техника, тухмӣ, нуриҳои минералӣ, маводи сӯхт ва қарзҳои бонкӣ таъмин намудани кишоварзон, пеш аз ҳама пахтакорон, ба кор омода сохтани обкашҳои барқӣ ва паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ ва ҳамчунин баҳри ҷоннок намудани корҳо дар соҳаҳои фарҳангу маориф ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 1150-солагии Абӯабдулло Рӯдакӣ, ривоҷ додани корҳои сохтмон ва ободонии иншооти ҷашнӣ ва ҳамчунин баҳри барқарорсозии бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва таҷдиди театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дастуру ҳидоятҳо дода шуд.

Таваҷҷӯҳи махсус ҳамчунин ба татбиқи амалии супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мулоқоти ӯ бо намояндагони соҳибкорони кишвар ва дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда буданд, зоҳир гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520