Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумӣ-Демократии Алҷазоир

13.03.2008 00:00, Алҷазоир

Аз 10 то 12 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Мардумӣ-Демократии Алҷазоир қарор дошт.

Бояд хотиррасон намуд, ки Алҷазоир дар соҳили баҳри Миёназамин ва қисмати шимолу ғарбии Африқо қарор дошта, яке аз калонтарин ва пешрафтатарин давлати ин қитъаи олам ба шумор меравад. Он бо давлатҳои Либиё, Тунис, Марокаш, Мавритания, Мали ва Нигер ҳамсарҳад аст.
Манбаъҳои асосии даромади давлат аз ҳисоби нафту газ, баҳр, кишоварзӣ ва туризм мебошад.

Алҷазоир ба ҳайси давлати мустақил соли 1962 баъди озодӣ аз мустамликаи Фаронса арзи ҳастӣ кардааст. Забонҳои давлатиаш арабӣ ва фаронсавӣ буда, аксарияти аҳолиашро мусулмонон ташкил медиҳанд. Забони арабӣ ва дини Ислом дар ин ҷо аз асри 7 – и мелодӣ роиҷ аст.

Мардуми он дар асрҳои қадим зери ҳокимияти юнониён, вандалҳо ва румиёни қадим зиндагӣ ба сар бурда, аз асри 16 то 19 – и мелодӣ таҳти мустамликаи империяи туркони усмонӣ ва дар садаҳои 19 – 20 – и зери тасарруфи Фаронса қарор доштанд.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахти он шаҳри Алҷазоир Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Мардумӣ-Демократии Алҷазоир Абдулқодир ибни Солеҳ ва дигар намояндагони воломақоми он дар фазои тантанавӣ ва бо ҳусни эҳтирому самимият истиқбол гирифтанд.

Фурӯдгоҳи Алҷазоир ба муносибати ташрифи расмии меҳмони олимақом бо парчамҳои сершумори давлатҳои Тоҷикистону Алҷазоир ва қатори ҷузъутомҳои горди ифтихорӣ ороиш ёфта буд.

Аз ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо қатори сершумори мотосиклҳои ҳамроҳ сӯйи қасри Президенти Ҷумҳурии Мардумӣ-Демократии Алҷазоир равон шуд.

Дар ҳарду ҷониби роҳи ҳаракат низомиёни ифтихории аспсавор, парчамҳои сершумор ва расмҳои роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Алҷазоир ҷилвагар буданд, ки нишона аз эҳтироми хоса ба меҳмони олимақом ва аз омодагии ҷиддии мизбонон ба ин сафари расмӣ буд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди қасри Президенти Ҷумҳурии Мардумӣ-Демократии Алҷазоир баргузор гашт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Мардумӣ-Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутефлиқа самимона пешвоз гирифт.

Маросими бошукӯҳи истиқбол тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ бо саф оростани Горди ифтихорӣ, садо додани сурудҳои миллӣ ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб ҷараён гирифт.

Баррасии масоили муносибатҳои Тоҷикистону Алҷазоир нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулазиз Бутефлиқа ва сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб сурат гирифт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Абдулазиз Бутефлиқа барои даъвати самимӣ арзи сипос карда, ҳамзамон бо миннатдорӣ изҳор дошт, ки истифодаи таҷрибаи сулҳсозии Алҷазоир дар барқарор намудани сулҳу созиш ва таъмини рушди иқтисодии кишвари мо басо манфиатбахш буд.

Абдулазиз Бутефлиқа изҳор намуд, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси сиёсатмадори варзидаи ҷасуру ошкоргӯ ва шахсияте, ки забонаш бо дилаш як аст, медонад ва эҳтиром мекунад.

Ҷонибҳо оид ба равандҳои рушди бонизому устувори иқтисодии Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳои босамар, ки дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, бунёди инфрасохтор ва тиҷорати минтақавию байниминтақавӣ ба назар мерасад, гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвати форуми доираҳои соҳибкории ду кишвар дар Душанбе, ки ба муайяну мушаххас намудани самтҳо ва ҳаҷми ҳамкориҳои мушаххаси иқтисодӣ равона хоҳад шуд, аз ҷониби Алҷазоир хуш пазируфта шуд.

Густариши ҳамкориҳои фарҳангию маънавӣ омили таҳкимбахши равобити мунтазам маънидод гашт.

Дар ҷараёни гуфтушунид ҳамчунин оид ба масоили доғи минтақаҳои Шарқи Наздик ва Миёна табодули назар карда шуд.

Тарафҳо ҷонибдории худро аз ҳалли сиёсӣ ва осоиштаи тамоми қазияҳои баҳсталаб таъкид намуда, изҳори боварӣ намуданд, ки доир ба ин масоил дар ҷаласаи қарибулвуқуъи сарони давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ низ қарорҳои дахлдор қабул мегарданд.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон аз Абдулазиз Бутефлиқа даъват намуд, ки ба Тоҷикистон боздиди расмии дӯстона анҷом диҳад.

Баъди анҷоми музокироти расмӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Мардумӣ-Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутефлиқа 4 санади муҳимми ҳамкорӣ ба имзо расид:

Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг;

Созишнома дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ;

Созишнома оид ба ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ;

Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои дуҷониба байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди намояндагони сершумори воситаҳои ахбори умум натиҷаҳои гуфтушунид ва ба имзо расидани санадҳои муҳимми ҳамкориро боиси эҷод гаштани заминаи мусоид баҳри густариш додани равобити судбахш маънидод кард.

Ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории иқтисодии ду кишвар дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Мардумӣ-Демократии Алҷазоир Абдулазиз Белхадем ба таври муфассал баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки имкону захираҳои васеи инвеститсионию технологии Алҷазоир дар баробари рушди бонизоми иқтисодӣ ва татбиқи босамари лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои обии барқӣ ва хатҳои минтақавию байниминтақавии интиқоли нерӯи барқ, истихроҷу истифодаи васеи захираҳои бепоёни анвои гуногуни ангишт, сохтмони роҳҳо, тунелҳо ва пулҳои бузурги мошингард ва бисёр корҳои дигари калонҳаҷм барои ташкил ва ривоҷ додани ҳамкориҳои мутақобилан судбахш заминаи хуб ба миён овардааст.

Ҷонибҳо омодагӣ ва ҳавасамандии худро баҳри ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ таъкид намуданд.

Масоили ҳуқуқии эҷоди заминаи қарордодии ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар ва ба роҳ мондани равобити мунтазами байнипарлумонӣ дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии мардумии Алҷазоир Абдулазиз Зиарӣ баррасӣ шуд.

Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво Тоҷикистону Алҷазоир дорои имкону захираҳои фаровони ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа номида шуданд.

Дар чаҳорчӯби сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зери пояи муҷассамаи азими «Шаҳидон» -и Ҷумҳурии Мардумӣ-Демократии Алҷазоир, ки дар маркази пойтахти он - шаҳри Алҷазоир қарор дорад, гулчанбар гузошта, ба арзишҳои волои миллию давлатии мардуми ин кишвари дӯст эҳтиром ба ҷо овард.

Нимаи дуюми рӯзи 12 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари расмии пурмаҳсули худ ҷиҳати иштирок дар мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ аз Алҷазоир ба шаҳри Дакар-пойтахти Ҷумҳурии Сенегал рафт.

Дар фурӯдгоҳи шаҳри Алҷазоир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба нишони эҳтирому самимияти хосса шахсан худи Президенти Ҷумҳурии Мардумӣ-Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутефлиқа гусел намуд.

Гусели меҳмони олимақом бо муқаррароти маросими расмии гусел дар фзои тантанавӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷараён гирифт.

Ба ифтихори нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин давлати пешрафтаи қитъаи Африқо ва олами Ислом ҷузъутомҳои горди ифтихории кишвар саф кашиданд ва сурудҳои миллии ҳарду давлат садо дод.

Дар маросими гусел ҳайати расмии Тоҷикистон ва нафарони сершумор аз ҳайати роҳбарии Парлумон ва Ҳукумати Алҷазоир низ иштирок намуданд.
Қобили таъкиди махсус аст, ки ҷараёни ин сафар дар воситаҳои ахбори умуми Алҷазоир хеле васеъ ва муфассал инъикос гардид.

Умуман сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумӣ-Демократии Алҷазоир дар сатҳи баланди сиёсӣ, бо эҳтирому самияти махсуси ниҳодҳои давлати мизбон ва натиҷаҳои манфиатбахш барои ҳарду кишвар анҷом ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520