Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толори Маркази тадққиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони зиёиёни кишвар мулоқоти пурсамар анҷом дод.
Дар мулоқоти навбатии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи ҷумҳурӣ, ки ҳар сол дар арафаи Наврӯзи Аҷам доир намудани он ба ҳукми анъанаи нек даромадааст, намояндагони сершумори шоирону нависандагон, олимону муҳаққиқон, сиёсатшиносону ҷомеашиносон, ҳунармандони шинохтаи бахшҳои гуногуни санъати миллӣ, рӯзноманигорон, омӯзгорону донишҷӯён аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ширкат намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди онҳо суханронӣ намуда, нахуст тамоми ҳамватанон, зиёиён ва кулли тоҷикони бурунмарзиро бо фарорасии иди бостонию ҳамешаҷавони Наврӯз табрику таҳният гуфт.
Зимни суханронии пурмӯҳтавои худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи ҷашни бузургу бостонии Наврӯзи Аҷам ёдовар шуда, онро иди зиндагисоз ва ҷавобгӯи орзуву ормонҳои деринаи миллати тоҷик маънидод кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нақшаю ҳидоятҳои гузашта ёдовар шуда, таваҷҷӯҳи аҳли қалами кишварро хусусан ба нигаҳдории покию фасоҳати забони тоҷикӣ, бо забони давлатӣ ҷорӣ намудани коргузорӣ дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа, эҷоду тарҷума ва чопу дастраси хонандагон намудани китобҳо ҷалб сохт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихору сарфарозӣ аз забон, фарҳанг ва илму маърифати миллии тоҷикӣ, ки таърихи пуршарафи чандҳазорсола дорад, ҳидоят намуд.
Дар қисмати дуюми мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои сершумори онҳо посухҳои мушаххас дод.
Суолҳо аз ҷониби Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров Носирҷон Салимов, нависанда ва драматург Абдурофеъ Рабизода, шоира Меҳринисо Бобобекова, шоирони маъруф Сайдалӣ Маъмур, Салимшо Ҳалимшо, Камол Насрулло ва як зумра рӯзноманигорони шинохтаи ҷумҳурӣ пешниҳод гаштанд.