Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, масъулони Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат масоили вобаста ба рафти иҷрои буҷети давлатӣ, рушди босуботи иқтисоди миллӣ ва таъмини эҳтиёҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарони сохторҳои масъули давлатӣ доир ба ин ва дигар мавзӯъҳои ҳалталаб, аз ҷумла омодагии ҷиддӣ ба зимистон, вазифаҳои мушаххас гузошт.