Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақдими туҳфаҳо ба ятимон дар шаҳри Истаравшан

10.04.2024 09:58, шаҳри Истаравшан
Тақдими туҳфаҳо ба ятимон дар шаҳри Истаравшан 10.04.2024

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон вохӯрӣ намуда, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим карданд.

Зимни суҳбати самимӣ бо ятимон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ва ғамхории пайваста ба ятимону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд, шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам намудани шароити зарурӣ барои ин табақаҳои аҳолӣ мавқеи меҳварӣ дорад.

Ба ятимон, ки бо амри тақдир аз навозиши падар ё модар маҳрум мондаанд, дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои молию пулӣ, либоси мактабӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд.

Ятимон ҳангоми суҳбат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори хушҳолӣ барои ғамҳориҳои пайвастаашон миннатдории самимӣ баён намуданд. 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ятимонро ба таҳсили хубу аъло, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, хусусан аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва кор бо техникаю технологияи муосир ҳидоят намуда, таъкид карданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои эҳтиёҷманди ҷомеаро танҳо намегузорад, дар ҳаққи онҳо пайваста ғамхорӣ намуда, тарбия ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамояд.

Ҳоло дар шаҳри Истаравшан 116 нафар ятим ба қайд гирифта шудаанд, ки 21 нафарашон ятими кулли ноболиғ мебошанд. 

Дар партави дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзманди ҷомеа худро ҳаргиз танҳо эҳсос накарда, бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ дар фазои орому осудаи кишвар дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ таҳти сарпарастии Пешвои раиятпарвари миллат таҳсили илм карда, барои соҳибкасб шудан ва бунёди зиндагии ободу осуда талош меварзанд. 

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520