Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

11.03.2024 13:56, шаҳри Душанбе
Машварати корӣ  11.03.2024

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба татбиқи амалии дастуру супоришҳо ва ҳидояту пешниҳодҳое, зимни мулоқоташон бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин  рӯзи 9 март садо дода буд, машварати корӣ доир намуданд.

Дар машварат, ки бо иштироки роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои илмию тадқиқотии кишвар ҷараён гирифт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки масъулини дахлдор барои татбиқи амалӣ ва босамари дастуру супоришҳо, ҳидоятҳо ва пешниҳодҳои он рӯз садодода, ки дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамовозии зиёд дарёфт намуд, нақшаю барномаҳои асосноку ҳадафманд таҳия карда, чораҳои зарурӣ  роҳандозӣ намоянд.

Таъкид гардид, ки барои пешгирӣ ва бартараф намудани исрофу зиёдаравиҳо ҳангоми гузарондани анъана ва ҷашну маросими мардумию динӣ, аз ҷумла маросимҳои ҳоҷибинону ҳоҷиталбон, зиёфатҳои пурхароҷот, пайравӣ аз хурофоту одатҳои беасос, бегонапарастӣ ва баръакс барои тарғибу ташвиқи фарҳанги пурғановати миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз истиқлолу озодии Тоҷикистони азиз аз ҳамаи имкону захираҳои мавҷуда бояд истифода шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520