Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

03.04.2008 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва дигар шахсони дахлдор оид ба тезондани киштукори баҳорӣ, мубориза бо малах ва дигар ҳашароти зараррасон, таъмини бозори истеъмолӣ бо озуқаворӣ ва омодагӣ ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, машварати корӣ доир намуд.

Оид ба масоили киштукори баҳорӣ, мубориза бо ҳашароти заррасон ва таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ гузориши Муовини сарвазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон, роҳбарияти вазорати кишоварзӣ, вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ва дигар сохторҳои дахлдор шунида шуд.

Зикр гардид, ки кишти ғалладона дар заминҳои лалмии ноҳияҳои ҷануби кишвар бо сабаби бебориш омадани моҳи март қафо монд, вале кишти пахта бо суръати хуб идома дорад. То имрӯз дар 37 ҳазор гектар пахта корида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 ҳазор гектар зиёд аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хушк омадани моҳи март ва ҳамчунин аз он, ки соли гузашта 55 ҳазор гектар заминҳо, аз ҷумла 22 ҳазор гектар заминҳои обӣ бекор монда буд, изҳори нигаронӣ карда, баҳри пурсамар истифода бурдани заминҳои обӣ, ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалла, шолӣ, маккадон, картошка ва пиёзу сабзӣ ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод. Ҳамчунин таъкид гардид, ки баҳри кишти ғалладона дар заминҳои лалмии ноҳияҳои кӯҳистон ҳанӯз дер нашудааст. Масъулини дахлдор ҳамчунин ҷиҳати маблағгузории саривақтии пахтакорӣ бо усули нав, зиёд намудани қарздиҳии хурд ба соҳибкорони деҳот ва таъмини кори мунтазами пойгоҳҳои барқии обкашӣ супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Дар мавриди мубориза бо малах ва дигар ҳашароти зараррасон бошад, зикр гардид, ки шумораи зарурии техникаю таҷҳизот, аз ҷумла ҳавопаймоҳои махсусгардондашуда ва заҳрхимикатҳо мавҷуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи дурусту саривақтӣ аз имконоти мавҷуда ва сафарбар кардани мутахассисони соҳа ва аҳолӣ, пеш аз ҳама деҳқонони соҳибтаҷриба ба мубориза бо малах дастуру ҳидоятҳо дод. Ҳамкорӣ дар ин самт бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҳамсоя низ зарур шумурда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати фаровон гардондани озуқаворӣ дар бозори истеъмолӣ ва пешгирӣ аз баландкунии сунъии нархи маҳсулот, пеш аз ҳама нархи гӯшт ба шахсони дахлдор супоришҳои қатъӣ дод. Таъкид гардид, ки ҷамъияти «Тоҷикматлубот» ва дигар сохторҳои давлатӣ бояд барои таъсиррасонӣ ба нархҳо дар тамоми бозорҳо нуқтаҳои фурӯши худро дошта бошанд, то ки монополистон натавонанд ба таврӣ сунъӣ нархҳоро баланд бардоранд.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масоили омодагӣ ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ба масъулин барои ташкил ва дар сатҳи баланд гузарондани он дастуру ҳидоятҳои муфид дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520