Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

16.01.2024 14:40, шаҳри Душанбе
Таъиноти кадрӣ  16.01.2024

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохторҳои молиявию бонкӣ, маориф, Академияи миллии илмҳо, кумитаҳои ҷавонон, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат Пешвои миллат фаъолияти сохторҳои зикргардидаро пурра таҳлилу баррасӣ намуда, аз роҳбарони навтаъингардида барои фаъолияти боз ҳам самараноку сифатноки сохторҳои мазкур масъулияту иродаи қавии роҳбариро талаб намуданд.

Тарбияи ҷавонони соҳибкасбу баландихтисос аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин замина тадбирҳои муассир амалӣ шуда истодаанд, - иброз доштанд Сардори давлат.

 «Дар такя ба нерӯи созандаи ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол ва омода кардани мутахассисони дорои донишу малакаи ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои муассисаҳои байналмилалии молиявию иқтисодӣ мо метавонем дар оянда рушди устувори давлати худро таъмин намоем» - таъкид карданд Президенти мамлакат.

Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии мамлакат, таваҷҷӯҳи зарурӣ ба забономӯзӣ ва интихоби дурусти касбу шуғл, интихоб ва тарбияи кадрҳои ҷавон дар зинаҳои гуногуни илм, дастгирии олимони ихтироъкору навовар, ислоҳот дар сохторҳои институту пажуҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳо, алоқамандии илм ба истеҳсолоту ихтироот, ҳарчи зудтар таъмин намудани шароит барои пурра гузаштан ба низоми пардохти ғайринақдӣ, иқтисодӣ рақамӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буданд.

Роҳбарони намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), Бонки ҷаҳонӣ ва Фонди байналмилалии асъор дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

«Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол мутахассисоне лозиманд, ки баҳри пешрафту рушд ақлу заковат, маҳорат ва ҳастии худро дареғ надоранд,» - таъкид намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми мулоқот.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520