Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини
раиси Бонки миллии Тоҷикистон
таъин намудани Икромӣ С.С.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Икромӣ Сироҷиддин Салом муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№683

 

 

ИКРОМӢ Сироҷиддин Салом  

аз 22 январи соли 2019 дар вазифаи раиси Раёсати Бонки давлатии   амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»  кор мекунад

Соли таваллуд  5 январи  соли 1972        Ҷойи таваллуд ноҳияи Восеъ 

Миллат   тоҷик                                            Маълумот   олӣ

соли 1997 Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб,

соли 2010 Аспирантураи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонро 

хатм кардааст

Ихтисос    иқтисодчӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ  

Кадом забонҳои хориҷиро медонад    русӣ, узбекӣ, англисӣ  бо луғат

Вакили халқ ҳаст ё не     не

Бо мукофотҳои ҳукуматӣ сарфароз гардонида шудааст ё не     не

        

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 1988-1990

Колхозчии хоҷагии Хоҷа Сартези ноҳияи Восеъ

Солҳои 1990-1992

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ

Солҳои 1992-1997

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб

Солҳои 1997-1999

Ходими хурди илмии Институти тадқиқотӣ-илмии иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дар назди Академияи илмҳои хоҷагии қишлоқ, шаҳри Душанбе

01-04 соли 1999

Нозир-хазинадори шӯъбаи 1341/85-и «Амонатбонк»-и ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе

Солҳои 1999-2002

Муовини сармуҳосиб, мудири қисми амалиётӣ, муовини мудири шӯъбаи №04 «Амонатбонк»-и ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе

Солҳои 2002-2003

Бозраси калони БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», шаҳри Душанбе

Солҳои 2003-2004

Сарбозраси идораи назорат ва аудити БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк», шаҳри Душанбе

Солҳои 2004-2006

Сардори Идораи пасандозҳо ва қоғазҳои қиматноки БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», шаҳри Душанбе

Солҳои 2001-2002

Ҷонишини мудири НВ-04 «Амонатбонк»-и ноҳияи Фрунзе оид ба нафақа, пасандоз ва аудит

Солҳои 2006-2007

Муваққатан иҷрокунандаи вазифаи Сарвари бахши №56 БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», шаҳри Кӯлоб

Солҳои 2007-2008

Сардори Идораи тарақиёти бонки БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», шаҳри Душанбе

Солҳои 2008-2010

Сардори Идораи назорат ва аудити дохилибонкии БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Солҳои 2010-2015

Муовини  Раиси Раёсати  Бонки  давлатии  амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Солҳои 2015-2019

Муовини Раиси Бонки миллии  Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

аз  январи соли 2019
то
16 январи соли 2024

 Раиси Раёсати  Бонки  давлатии  амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520