Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

26.05.2008 14:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили назорати иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар ҷараёни сафарҳои кориаш ба ноҳияҳои ҷумҳурӣ тайи беш аз як моҳи охир баён гаштаанд, ҷамъбасти фаъолияти 5-моҳа ва омодагӣ ба чорабиниҳои минбаъдаи нақшавӣ баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин оид ба тезондани ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалладона ва меваю сабзавоти барвақтӣ, захираи тухмии хушсифати ғалладонаю сабзавот, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои обии озодшаванда ва таъмини кори бемонеаи пойгоҳҳои обкашӣ супоришҳои қатъӣ дод.

Мавзӯъи дигари машварат ривоҷ додани корҳои созандагӣ ва бунёди иншооти азими стратегӣ буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ахбори масъулин оид ба вазъи корҳо дар иншооти энергетикӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ ба шахсони дахлдор доир ба суръат бахшидани сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1, идомаи сохтмони навбати аввали нерӯгоҳи Роғун, тезондани татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳани Душанбе - Ваҳдат – Ёвон, хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Ҷануб – Шимол супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки дар мавсими фаровонии нерӯи барқ, яъне аз моҳи июн корхонаҳои саноатӣ дар се баст - шабу рӯз фаъолият карда, ҳаҷми истеҳсолотро афзун намоянд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки рафти корҳои ободонию созандагӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар бояд таҳти назорати доимӣ қарор дошта бошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба масоили омодагӣ ба Рӯзи Ваҳдат ва ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таваҷҷӯҳ намуда, дар назди масъулин оид ба ташкил ва дар сатҳи баланд гузарондани онҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.

Дар фароварди машварат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони сохторҳои дахлдорро оид ба таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ, омодагии ҷиддӣ ба зимистони оянда, захираи фаровони ангишт ва гази моеъ, зиёд намудани нуқтаҳои фурӯши онҳо ва таъмин кардани муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо маводи зарурӣ қатъан вазифадор намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520