Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

02.06.2008 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири мамлакат ва роҳбарони сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва як қатор вазорату идораҳои дигар машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили вобаста ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккилона ва марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, истифодаи босамару сарфакоронаи об, тезондани сохтмони нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 ва омодагӣ ба зимистон баррасӣ шуд.

Оид ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳисоботи Директори Агентии назорати маводи нашаовар Рустам Назаров шунида шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба масоили таъмини амният дар рӯзҳои баргузории мулоқоти навбатии Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе таваҷҷӯҳ намуда, ба шахсони дахлдор дастуру ҳидоятҳо дод.

Вазири энергетика ва саноат вазифадор шуд, ки сохтмони нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 – ро тезонда, баҳри дар ҳамин моҳ ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳи Сангтӯда-1 чораҳои саривақтӣ андешад.

Ба Вазири мелиоратсия ва захираҳои об дастур дода шуд, ки хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳуриро бо об саривақт таъмин намуда, баҳри истифодаи босамар ва сарфакоронаи захираҳои обӣ чораҳо андешад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор ҳамчунин баҳри пурзӯр намудани интизом дар сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ, таъмини волоияти қонун ва омодагии ҷиддӣ ба зимистони оянда супоришҳои қатъӣ дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520