Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

09.06.2008 13:30, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили ҷамъбасти натиҷаҳои 5-моҳаи фаъолияти хоҷагии халқи кишвар, рушди минбаъдаи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, тезондани ҷамъоварии ҳосили ғалладона, вусъат додани кишти такрорӣ ва омодагӣ ба зимистон баррасӣ шуд.

Зимни баррасии масъалаи аввал зикр гардид, ки маҷмӯи умумии маҳсулоти дохилӣ дар 5 моҳи соли равон 4 миллиарду 960, 3 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1 дар сад зиёд аст. Сатҳи таваррум 6,7 дар садро ташкил додааст. Нақшаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бинобар норасоии нерӯи барқ дар аввали сол дар ҳаҷми 95 дар сад иҷро шуда бошад ҳам, афзоиши он дар бахшҳои алоҳидаи саноат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 4 то 36 дар садро ташкил медиҳад. Таъкид гардид, ки нишондодҳои истеҳсолии соҳаи саноат дар робита бо фаровонии нерӯи барқ дар моҳҳои июн-октябр зиёд хоҳад шуд. Маҳсулоти кишоварзӣ бошад, дар давраи муқоисавӣ ба андозаи 7,3 дар сад бештар истеҳсол карда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам баланд бардоштани нишондодҳои истеҳсолӣ ва омодагӣ ба ҷамъбасти фаъолияти нимсола ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки моҳи июл ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ доир ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 4 июни соли 2007, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурғоби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон» аз 2 апрели соли 2005 ва ҳамчунин оид ба иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қарорҳои Ҳукумати мамлакат, барномаҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба таври муфассал шунида хоҳад шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масоили тезондани ҷамъоварии ҳосили ғалладона дар тамоми ҷумҳурӣ, вусъат додани кишти такрорӣ ва омодагӣ ба зимистони оянда таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, ба роҳбарони сохторҳои дахлдор баҳри суръат бахшидани корҳои зарурӣ, таъмин намудани фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ ва захира кардани маводи сӯхту озуқаворӣ барои зимистон супоришҳои қатъӣ дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520