Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини раиси Идораи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Газпром»-и Федератсияи Россия Валерий Голубев

10.06.2008 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини раиси Идораи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Газпром»-и Федератсияи Россия Валерий Голубевро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкати бонуфузи дорои эътибори ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Созишнома дар бораи принсипҳои умумии гузарондани омӯзиши геологии қаъри замин дар майдонҳои ояндадори нафту гази Тоҷикистон байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Газпром» изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуд: - «татбиқи ин созишнома кашфи конҳои нави нафту гази Тоҷикистонро бо азхудкунии ҳамаҷониба ва мутақобилан судманди онҳо бояд таъмин намояд».

Ҷонибҳо оид ба нақшаи корҳои геологию ҷустуҷӯӣ дар чор кони нафту гази Тоҷикистон, таъмини кишвар бо гази табиӣ ва гази моеъ, таҷдиди хатҳои мавҷудаи газтаъминкунии дохилию минтақавӣ, бунёди хатҳои нав ва омода кардани кадрҳои соҳа мубодилаи судманди афкор анҷом доданд.

Валерий Голубев изҳор дошт, ки тибқи маълумоти имрӯзаи Газпром захираи гази Тоҷикистон 3 триллион метри мукаабро ташкил медиҳад ва дар сурати анҷоми бобарори корҳои омӯзишӣ ва оғози истихроҷ ҷумҳурӣ метавонад ҳар сол то 2 миллиард метри мукааб газ дар ҳудуди худ истеҳсол намояд. Ба андешаи ӯ сарфи назар аз баъзе мушкилоти геологию географӣ дар маҳалҳои омӯзишӣ ҳамкории Тоҷикистону Россия дар ин соҳа дурнамои хуб дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъала гузошт, ки кор дар конҳои Рангони ноҳияи Рӯдакӣ ва Саргазони ноҳияи Данғара бояд тезонда шаванд. Таъкид гардид, ки Газпром барои кор дар онҳо аллакай иҷозатнома гирифтааст.

Мусоҳибон таъкид бар он доштанд, сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон, ки дар моҳи августи соли равон ба нақша гирифта шудааст, ба ҳамкории ду кишвар дар ин ва дигар соҳаҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Хотиррасон бояд кард, ки дар Тоҷикистон имрӯз кашф, истихроҷ ва коркарди нафту газ дар 18 кон ба роҳ монда шудааст ва дар ин соҳа давлати мо бо 12 ширкати обрӯманди кишварҳои дуру наздик ҳамкорӣ дорад.

Бонуфузтарини онҳо «Газпром»-и Федератсияи Россия, ширкатҳои «КанАрго Энержи Корпорейшн» ва «Икар Инвест ЛЛС»- и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, «Марвис ЛТД»-и Сингапур, ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Швейтсария «Сомон Ойл», Тоҷикистону Австрия «Петролиум Суғд» ва ширкатҳои ватании «Шоҳон», «Салоса» ва «Азизӣ» мебошанд.

Чунонки зикр гардид, захираи умумии гази Тоҷикистон 3 триллион метри мукааб ва нафт зиёда аз 140 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520