Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Кувайт дар Тоҷикистон ва Сардори Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Давлати Кувайт

08.07.2008 14:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Кувайт дар Тоҷикистон Азиз Раҳим ад-Деҳанӣ ва Сардори Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Давлати Кувайт Юсуф ал-Меъроҷро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Кувайт баррасӣ шуд.

Азиз Раҳим ад-Деҳанӣ дуруду паёми Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ас-Сабоҳро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, мужда овард, ки Ҳукумат ва мардуми Кувайт ба Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон баҳри бартараф намудани оқибатҳои зимистони шадиди гузашта дар ҳаҷми 5 миллион доллари амрикоӣ кӯмаки башардӯстона ирсол намудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Давлати Кувайт барои расондани кӯмаки бародарона арзи сипосу миннатдорӣ намуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дурнамои рушди ҳамкориҳои сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ду кишвар гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Кувайт ба фазои сиёсию ҳуқуқии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодии ду кишварро умедбахш маънидод кард.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520