Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маркази ташхисию табобатӣ дар ноҳияи Ховалинг

20.06.2023 06:51, ноҳияи Ховалинг
Ифтитоҳи Маркази ташхисию табобатӣ дар ноҳияи Ховалинг   20.06.2023

20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои хуштарҳу замонавии Маркази ташхисию табобатӣ дар назди Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ”-и ноҳияро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Маркази нави ташхисию табобатӣ дар ошёнаи якуми бинои 5-ошёна ҷойгир буда, ошёнаҳои болоӣ ҳамчун синфхонаҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст.

Иншооти соҳаи тандурустӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдулло Ҳасанов дар давоми 7 моҳ бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.

Маркази нави ташхисию табобатӣ дорои 11 ҳуҷра, аз ҷумла бемориҳои занона, табобати дандон, озмоишгоҳ, асабшинос, ҳуҷраи хатна, физиотерапия, ташхиси функсионалӣ, безараргардонӣ ва гӯшаи гиёҳдармонӣ мебошад.

Ҳайати омӯзгорони доимӣ 45 ва муваққатӣ бошанд, 22 нафарро ташкил медиҳанд, ки ҳамаи онҳо дорои малакаи баланди касбӣ ҳастанд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази ташхисию табобатии ноҳияи Ховалинг беш аз 80 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб шуданд.

Мутахассисон омодаанд бо истифода аз технологияи навин бисёр намуди таҳлилҳоро гузаронанд.

Ҳар як ҳуҷра ва нуқтаҳои хизматрасонии Маркази ташхисию табобатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин буда, дар он барои кормандон имкони хуби ташхису муолиҷаи беморон фароҳам аст.

Таҷҳизоти маркази ташхисию табобатӣ дар ноҳияи Ховалинг муосир буда, аз хориҷи кишвар ворид гардидааст.

Ба мизоҷон аз тарафи табибони баландихтисос, ҳамшираҳои шафқат ва дигар мутахассисони дорои таҷрибаи баланд бо усули замонавӣ 8 намуди хизматрасонии тиббӣ пешкаш мегардад.

Ҳамчунин дар марказ барои қабули беморон 10 кати хоб мавҷуд мебошад.

Ҳадаф аз таъсиси марказ дастрасӣ ба хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ ва гузаронидани машғулиятҳои донишҷӯён мебошад.

Акнун аз хизматрасонии марказ ҳам сокинони ноҳия метавонанд васеъ истифода намоянд ва ҳам донишҷӯёни коллеҷ таҷрибаомӯзӣ кунанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва шароити фароҳамгардида дар маркази нави ташхисию табобатӣ баҳои арзанда дода, табибонро ба истифодаи маҳорату малакаи касбӣ баҳри ҳифзи солимии аҳолӣ ва тарбияи мутахассисони баландихтисос роҳнамоӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520