Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин

19.06.2023 19:43, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин   19.06.2023

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ Марат Ҳуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози суҳбат Пешвои миллат аҳаммияти фаъолияти ҳамоҳангшуда ва самараноки Комиссияи мазкурро таъкид намуда, ба Марат Ҳуснуллин дар фаъолияти минбаъдааш ба ҳайси ҳамраиси ин механизми муҳими пешбурди муносибатҳои ҷонибҳо комёбӣ орзу намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сарвари давлати мо таъкид карданд, ки масоили таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Федератсияи Русия дар сиёсати хориҷии кишвари мо ҷойгоҳи хоса доранд ва ҷониби Тоҷикистон ба тамоми маҷмӯи робитаҳои ду кишвар таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.

 Дар ин замина зарурати идомаи талошҳои ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи пурраи мувофиқаҳои қаблан бадастомада оид ба тавсеаи минбаъдаи ҷанбаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии ҳамкориҳои ду кишвар таъкид гардид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар самтҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, бахусус дар соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати сабук, хӯрокворӣ, ҳамзамон энергетика, комплекси агросаноатӣ, ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва сайёҳӣ муҳокима карданд.

Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси самтҳои ояндадори муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ шуданд.

Ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират, аз ҷумла ба тақвияти ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифз ва тавсеаи фазои умумии маънавию фарҳангии мардумони ҳарду кишвар таваҷҷуҳи лозима ҷалб шуд.

Дар баробари ин Пешвои миллат сатҳи имрӯзаи робитаҳои ду кишварро дар бахшҳои гуманитарӣ баланд арзёбӣ намуда, таъмини рушди минбаъдаи ҳамкориҳои амалии ҷонибҳоро дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг ҳамчун масалаҳои мубрами рӯз қайд карданд.

Дар ҷараёни суҳбат инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520