Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро, ки баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ин созмон ба Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфт.
Зимни сӯҳбат байни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва вазирони корҳои хориҷӣ оид ба омодагӣ ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва масоили рӯзномаи он гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният ва бахшҳои гуногуни иқтисодиёт зоҳир гашт.
Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Душанбе маркази минтақавии Созмони ҳамкории Шанхай оид ба мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъсис дода шавад.
Ба андешаи ӯ баҳри пурзӯр намудани амнияти минтақавӣ Созмони ҳамкории Шанхай бояд Афғонистонро ҳарчи бештар ба ҳамкорӣ даъват намуда, ба ӯ кӯмакҳои бевоситаи суроғавӣ расонад.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсиси ҳарчи зудтари Хазинаи рушд ва Клуби энергетикии Созмони ҳамкории Шанхайро дар баробари Иттиҳоди байнибонкӣ ва Шӯрои соҳибкории ин созмон, ки аллакай хуб фаъолият доранд, вазифаи бағоят муҳим арзёбӣ намуд.
Табодули судманди афкор ҳамчунин атрофи густариш додани ҳамкориҳои минтақавии нақлиётӣ ва истифодаи пурсамари захираҳои обию энергетикии Осиёи Марказӣ, рушди муносибатҳои фарҳангӣ ва робитаҳои Созмони ҳамкории Шанхай бо дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ сурат гирифт.