Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор Дэвид Оуэен

06.08.2008 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор Дэвид Оуэенро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Дэвид Оуэен ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи барномаи ҳамкории Хазинаи байналмилалии асъор бо Бонки Миллии Тоҷикистон ахбор дода, аз рафти он изҳори қаноатмандӣ намуд. Таъкид гардид, ки барномаи мазкур айни ҳол хеле хуб оғоз ёфтааст ва метавонад ба болоравии эътибору нуфузи сохторҳои молиявии Тоҷикистон дар доираҳои байналмилалӣ мусоидати фаъол намояд.

Ба гуфти Дэвид Оуэен натиҷаҳои ниҳоии барномаи ҳамкорӣ бо Бонки Миллии Тоҷикистон моҳи ноябри соли равон ҷамъбаст ва ба Шӯрои директорони Хазинаи байналмилалии асъор пешниҳод мегардад.

Ҷонибҳо оид ба нишондодҳои макроиқтисодии Тоҷикистон, раванди ислоҳот дар иқтисодиёт ва сиёсати пулию қарзӣ, татбиқи барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ғайра гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сиёсати имрӯзаи пулию қарзӣ ва тадбирҳои пешгирӣ аз болоравии сатҳи таваррум, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд, дар шароити кунунии баландшавии нархи озуқаворӣ ва маводи сӯхт дар бозори ҷаҳонӣ метавонанд бозор ва дар маҷмӯъ иқтисодиёти кишварро аз таъсири манфии омилҳои берунӣ ҳифз намоянд.

Зимни сӯҳбати озоду созанда ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии худро баҳри идомаи ҳамкории пурсамар таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520