Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусоҳибаи мухбирони воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Мардумии Чин

08.08.2008 15:00, шаҳри Душанбе

Савол: Президенти мӯҳтарам, моҳи августи соли равон дар пойтахти Тоҷикистон маҷлиси Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад. Шумо аз ин мулоқот чиро умедворед?

Ҷавоб: Ман бесаброна интизори мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе мебошам. Боварии комил дорам, ки ин мулоқот ба таври зарурӣ пурмӯҳтаво ва самарабахш баргузор хоҳад гашт. Шубҳа надорам, ки дар натиҷаи мулоқоти мазкур пешниҳодҳо ва идеяҳои нави мароқовар, инчунин нақшаҳои нави муштарак пешниҳод карда мешаванд. Албатта мо дар мулоқот дар бораи муносибатҳои умумии худ роҷеъ ба проблемаҳои асосии рушд дар миқёси байналхалқӣ сухан хоҳем ронд. Мусаллам аст, ки дар мулоқот натиҷаҳои фаъолияти созмон ҷамъбаст гардида, нақшаҳои дурнамои таҳкими ҳамкории давлатҳои аъзои он дар самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ муайян карда мешаванд. Ба ақидаи ман, мо метавонем дар Душанбе ҳамаи масъалаҳоеро муфассал муҳокима кунем, ки имрӯз давлатҳои аъзои созмонро ба ташвиш овардаанд.

Вақтҳои охир теъдоди давлатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ, ки мехоҳанд бо СҲШ равобити бештар дошта бошанд, торафт меафзояд. Бояд гуфт, ки Шӯҳрат ва шаъну эътибори созмон дар назди мамлакатҳои дигар меафзояд. Сабабҳои ин ба ҳамагон маълуманд. Вале ман ин ҷо диққати Шуморо ба як ҷиҳати масъала ҷалб карданиам. Тавре ки маълум аст, дар СҲШ қабули мамлакатҳои нав ба узвияти созмон муваққатан боздошта шудааст. Шояд сарони давлатҳо дар Душанбе ба зарурати густариши ҳамкории мушаххас бо давлатҳои мушоҳид таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, дастур хоҳанд дод, ки муколама ва ҳамкорӣ бо онҳо тақвият дода шавад. Зеро давлатҳои аъзои созмон ба хубӣ дарк менамоянд, ки мақоми давлатҳои мушоҳид ба иштироки ҳамаҷониба дар бобати амалӣ сохтани барномаҳои мушаххас дар соҳаҳои гуногун бояд имконият фароҳам оварад.

Бо вуҷуди он ки дар фаъолияти имрӯзаи СҲШ мисли пештара мубориза ба муқобили таҳдиди терроризм, ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ, хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, ҷинояти муташаккили трансмиллӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ аҳамияти бештар дорад, ба ақидаи ман, мо - сарони давлатҳо бояд ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, мавриди истифода қарор додани имкониятҳои фаровони бозори бузурги мамлакатҳои аъзои созмон таваҷҷӯҳ зоҳир кунем. Дар замина бори дигар мавриди баррасӣ қарор додани ҷараёни иҷрои барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ва нақшаи тадбирҳои амалӣ сохтани он дар соҳаҳои муҳимтарини ҳамкории иқтисодӣ, илмию техникӣ ва гуманитарии шаш мамлакати аъзои созмон аз фоида холӣ нахоҳад буд.
Тоҷикистон ба аҳамияти СҲШ бо назардошти ҳамкорӣ дар доираи он ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати берунии худ аҳамияти калон медиҳад. Мамлакати мо тайёр аст, ки дар иҷрои барномаҳои иқтисодӣ ва барномаҳои дигари СҲШ фаъолона ширкат варзад.

Савол: Шумо ба рушди фаъолияти СҲШ дар давоми 7 соли гузашта чӣ гуна баҳо медиҳед?

Ҷавоб: Созмони ҳамкории Шанхай дар муддати кӯтоҳи таърихӣ мустаҳкам гардид ва ҳамчун омили муҳими муносибатҳои имрӯзаи байналхалқӣ қобили кору фаъолият будани худро ба тамоми ҷаҳониён собит сохт.Ҷаҳони имрӯзаро бе СҲШ тасаввур кардан душвор аст. Мо бо камоли қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки созмон ба туфайли ҷидду чаҳди муштараки аъзои худ мавқеъҳояшро ҳамчун кафили таъмини амният ва суботи минтақа муттасил тақвият мебахшад.
Хурсандиовар аст, ки СҲШ тадриҷан ба омили муташаккили сиёсати байналхалқӣ ва дар минтақаи Осиё ба шарики қавӣ, масъул ва дорои пешомадҳои калон табдил меёбад. Афзоиши мароқи мамлакатҳои ҷаҳон ба фаъолияти СҲШ низ ба ҳамин вобаста аст. Рӯз то рӯз афзудани муносибатҳо ва ҳамкории СҲШ бо созмонҳои байналхалқӣ дар бораи бештар гардидани обрӯю эътибори он шаҳодат медиҳад. Тасодуфӣ нест, ки имрӯз ба мақоми узви комилҳуқуқи СҲШ баҳои баланд дода мешавад.
Ба вуҷуд овардани минтақаи доманадори амният ва эътимод дар хати сарҳади давлатҳои минтақа, бунёди заминаи мустаҳкам барои ба даст овардани ҳадафҳои асосии Созмон, анҷом ёфтани ҷараёни ташкили мақомоти доимоамалкунандаи СҲШ – Котибот (дар шаҳри Пекин) ва Созмони минтақавии зиддитеррористӣ (дар шаҳри Тошканд) ва муассисаҳои дигари ҳамкории иқтисодӣ аз ҷумлаи дастовардҳои созмон дар давоми 7 соли охир мебошанд.

Савол: Ба ақидаи Шумо СҲШ барои таъмини амният, субот ва ободии мамлакатҳои минтақа чӣ гуна саҳм гузошта метавонад?

Ҷавоб: Ташкил ва рушди СҲШ ба тағйироти вазъияти байналхалқӣ вобаста буда, мароқи ҳамешагии ҷомеаи ҷаҳонро ба вуҷуд меорад.

Тавре ки маълум аст, СҲШ барои амалӣ сохтани барномаи нави таъмини амният мубориза бурда, ба принсипҳои таъмини амнияти умумӣ, шомил нагаштан ба иттифоқҳо, адами муқовимат ва мубориза ба муқобили мамлакатҳои дигарро риоя мекунад. Созмон асосан ба мубориза ба муқобили терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ диққати асосӣ медиҳад. Мамлакатҳои аъзои созмон ба ҳамкори дар соҳаи амният кӯшиш ба харҷ дода, қарор додаанд, ки созмонҳои низомӣ таъсис надиҳанд. Муносибатҳои байнидавлатии навъи нав дар фазои СҲШ аз мафкураи «ҷанги сард» комилан озоданд. Ин барномаи нави амният асоси бунёди Созмон мебошад.

На Русия на Чин ва на давлатҳои дигари аъзои СҲШ ба бунёди иттифоқи ҳарбии худ кӯшиш намекунанд. Дар ҳамаи ҳуҷчатҳои Созмон таъкид карда мешавад, ки дӯстии мо ба муқобили ягон мамлакати дигар равона нашудааст. Мо мамлакатҳои аъзои созмон шарикони стратегӣ мебошем ва манфиати умумии мо дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани амнияту суботи минтақаи ҳамсарҳади давлатҳои мо мебошад. Мо дар ин маврид ҳаминро ба хубӣ дарк менамоем, ки чунин тадбирҳоро пеш аз ҳама бо усулҳои сиёсию дипломатӣ, хусусан бо роҳи дипломатияи пешгирикунанда ва воситаи афзун гардондани нерӯи мамлакатҳои аъзои созмон амалӣ сохтан зарур аст.

СҲШ ҳадафҳо ва самтҳои ҳамкориро дар соҳаи иқтисодӣ низ бо назардошти шароити воқеии минтақа муайян намудааст. Созмон ҳанӯз соли 2003 барномаеро таҳия карда буд, ки дар он нақшаҳои оянда, вазифаҳои муҳим ва тадбирҳои амалии иҷрои онҳо ифода ёфтанд. Ин тадбирҳо хариду фурӯши озоди мол, сармоя, технология ва хизматрасониро дар давоми 20 соли оянда пешбинӣ менамоянд. Соли 2004 ба таври илова қариб 130 объекти ҳамкорӣ муқаррар карда, иҷрокунандагон ва мӯҳлати бунёди онҳо дар соҳаҳои асосӣ, аз ҷумла, ҳифзи муҳити зист, кишоварзӣ ва тадқиқоти илмӣ муайян карда шуданд.

Таъсиси Шӯрои тиҷоратӣ ва иттиҳодияи байнибонкии СҲШ дар рушди ҳамкории амалии бисёрҷонибаи мамлакатҳои аъзои созмон қадами нави муҳим гардид. Ҳадафи асосии онҳо муҳайё сохтани шароити мусоид барои сармоягузорӣ ва тиҷорат дар минтақа, ҷустуҷӯи имкониятҳои ҳамкорӣ барои амалӣ сохтани барномаҳои бузург дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла, энергетика, нақлиёт, алоқа, ҳамчунин ҳалли масъалаҳои марбут ба бунёди низоми таъминоти молиявии минтақа мебошанд.

Савол: ба ақидаи Шумо, СҲШ аз созмонҳои дигари минтақавию байналхалқӣ, ки дар минтақаи мо фаъолият доранд, чӣ фарқ дорад?

Ҷавоб:
Хусусиятҳо, ҳадафҳо ва вазифаҳои СҲШ дар Ҳуҷҷати асосии он пурра инъикос ёфтаанд.

Тавре зикр кардам, то имрӯз давраи таъсиси сохторҳои асосии созмон анҷом ёфтааст. Мо механизми мукаммали созмони минтақавиро ба вуҷуд овардем, ки барои ба роҳ андохтани ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо мувофиқи Ҳуҷчати асосии созмон шароити мусоид муҳайё месозад.

СҲШ созмоне буд, ҳаст ва мебошад, ки ҳадафи он ҳамкории доманадори байналхалқӣ аст. Созмон имрӯз мамлакатҳои калонтарини ҷаҳонро муттаҳид сохта, худро дар назди ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун созмони байналхалқии тавоно ва дорои ояндаи калон таҳким мебахшад, ки ваколати аниқ муқарраршуда дошта, вазифаҳои бунёдкоронаи дар наздаш гузошташударо бомуваффақият иҷро карда метавонад.

Айни ҳол масъалаи усулҳои мушаххаси иштироки мамлакатҳое, ки дар созмон мақоми мушоҳид доранд, аз ҷумла, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон дар фаъолияти созмон ҳал карда мешавад. Ба ақидаи ман, ба онҳо имкон дода хоҳад шуд, ки дар фаъолияти созмон дар соҳаҳои алоҳида, аз ҷумла, иқтисод, энергетика, ҳамкории бонкҳо ва соҳаҳои дигар саҳми бештар гузоранд. Таъсиси мақоми шарики муколама дар Созмон ба вусъати доираи давлатҳое мусоидат хоҳад кард, ки ба вусъати равобиташон бо созмон манфиатдор мебошанд.

Савол: Шумо ба нақшаҳои ояндаи рушди фаъолияти СҲШ чӣ гуна баҳо медиҳед. Айни ҳол ба пешрафти Созмони навбунёди ҳамкории Шанхай кадом монеаҳо халал мерасонанд. Оё Тоҷикистон барои мусоидат ба рушди минбаъдаи СҲШ ягон нақша ё пешниҳоди муайян дорад?

Ҷавоб:
Тоҷикистон ба ояндаи калони созмони мо боварӣ дорад. Асоси боварии моро натиҷаҳои мушаххаси фаъолияти муштаракамон ташкил медиҳад, ки дар муддати кӯтоҳ ба даст оварда шуданд.

Ман ба ин савол ҷавоб дода, ба ақидаи қаблан изҳорнамудаи яке аз сарони мамлакатҳои аъзои созмон дар бораи он ки СҲШ ҳамчун низоми комилан нави ҳамкории минтақавӣ дар оянда ба ҷузъи ҷудонашавандаи системаи глобалии амният ва маркази «пешрафти бузурги иқтисодӣ» дар миқёси ҷаҳон табдил меёбад, шарик шуданиам.

Созмони ҳамкории Шанхай дар давоми 7 соли охир шумораи аъзоёни худро зиёд карда, ба Муғулистон, Покистон, Ҳиндустон ва Эрон мақоми мушоҳид дода, соли 2001 дар мулоқоти дар Шанхай баргузоргардида Эъломияи таъсиси худро эълон дошт. Бо ҳамин бемуҳобот гуфтан мумкин аст, ки дар равобити мутақобалаи геополитикии Шарқу Ғарб марҳалаи нав кушода шуд. Баъзе созмонҳои дар ҷаҳон машҳур, ки ба ҳалли проблемаҳои сиёсати байналхалқӣ машғуланд, одилона изҳор менамоянд, ки СҲШ дар оғози асри 21 ба тағйироти тавозуни манфиатҳои геополитикӣ дар тамоми қаламрави Аврупою Осиё таъсири куллӣ расонда метавонад.

Чунин рақамҳоро мисол овардан кофӣ мебошад, ки масоҳати умумии қаламрави давлатҳои аъзои созмон бештар аз 30 миллион километри мураббаъ буда, 61 фоизи масоҳати умумии қитъаҳои Аврупою Осиёро ташкил медиҳад. Шумораи сокинони ин давлатҳо аз чор як ҳиссаи аҳолии тамоми ҷаҳон мебошад. Маблағи хариду фурӯши мол дар байни ин мамлакатҳо аз ду миллиард доллари ИМА гузашт. Танҳо саҳми Чин дар ин бобат ҳанӯз ду сол пеш 25,4 фоизи тамоми ҳаҷми маҳсулоти умумии дохилии ҷаҳонро ташкил медод.

Ба имкониятҳои ояндаи СҲШ баҳо додан душвор аст: тавре дида мешавад, созмон аз рӯи шумораи умумии аҳолӣ, масоҳати мамлакатҳои аъзо ва сарватҳои онҳо нисбат ба НАТО ва Иттиҳоди Аврупо афзалияти калон дорад. Бинобар ин сиёсатмадорони дурандеш нақши Созмонро дар муқаррар намудани низому тартиботи ояндаи ҷаҳон ба назар нагирифта наметавонанд. Тамоилоти рушди минбаъда ва вусъати ҷуғрофӣ, сиёсӣ ва иқтисодии созмонро ҳамин далел тасдиқ мекунад, ки Ҳиндустону Покистон ва Эрон борҳо изҳор намуданд, ки мақоми мушоҳидро ба мақоми аъзои комилҳуқуқи Созмон иваз карданианд.

Муваффақиятҳои СҲШ аз бисёр ҷиҳат ба муносибатҳои Русия ва Чин вобастаанд. Дар ин бобат дар шароити имрӯза ҳаминаш қобили таваҷҷӯҳ мебошад, ки ҳар дуи ин давлат муносибатҳои доманадори стратегӣ ва роҷеъ ба проблемаҳои амнияти байналхалқӣ мавқеи ягона доранд. Мувофиқати мавқеи онҳо омили асосии фаъолияти сиёсии СҲШ мебошад.

Мо ба ҳамин ҷиҳати фаъолияти СҲШ баҳои мусбат медиҳем, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин баробари амалӣ сохтани нақшаҳои мубориза ба муқобили терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ дар доираи СҲШ ба иқдоми фаъолонаи иқтисодӣ даст мезанад. Ин мамлакат, аз ҷумла, барои амалӣ сохтани барномаҳои калони тиҷоратӣ дар мамлакатҳои аъзои созмон бештар аз 900 миллион доллари Амрико ҷудо кард.

Ҷидду ҷаҳди СҲШ ба тадбирҳои доманадори байналхалқӣ ба таври табий мувофиқат мекунад. Тавре ки маълум аст, айни ҳол гурӯҳи тамоси «СҲШ - Афғонистон» фаъолият дорад, созишномаи доманадори ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, моддаҳои фалаҷкунандаи асаб ва ашёи хоми онҳо иҷро карда мешавад. Ҷидду ҷаҳди Созмон барои бартараф сохтани хавфи рӯзафзуни зуҳуроти номатлуб дар бобати бунёди ба истилоҳ «минтақаи зидди маводи нашъадор» дар атрофи Афғонистон бештар сохта, дар бобати пурзӯр намудани мубориза ба муқобили терроризм, мусоидат ба фаъол гардондани мақомоти давлатӣ ва барқарор сохтани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ин мамлакат тадбирҳо андешида мешаванд.

СҲШ дар шароити имрӯза барои фаъолияти самарабахш ҳамаи имкониятҳоро дорад. Ба ақидаи ман, мо ба иштироки фаъолонатар дар кори ҳамарӯзаи мақомоти доимоамалкунанда барои таҳия, мувофиқ сохтани ҳуҷҷатҳо ва назорати ҷараёни иҷрои қарорҳои қабулшуда умедвор буда метавонем. Ман чунин мешуморидам ва ҳоло ҳам чунин мешуморам, ки дар мавриди зарурат барои таъмини фаъолияти таъҷилӣ ва самаранокии кори Шӯрои сарони давлатҳо супориш додан мумкин аст, ки дар бораи вусъати ваколатҳои Котиботи СҲШ ва Кумитаи иҷроияи Созмони минтақавии зидди террористӣ ҳуҷҷатҳои дахлдор тайёр карда шаванд.

Ба ақидаи ман, Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ мақоми асосии кории мо буда, ба Котибот ва Кумитаи иҷроияи Созмони минтақавии зиддитеррористӣ такя намуда, бояд имкониятҳои калонашро барои беҳтар сохтани мувофиқати идораи фаъолияти ҳамарӯзаи Созмон беҳтару хубтар истифода барад.

Савол: Ҷаноби Президент, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао моҳи августи соли равон ба Тоҷикистон ташриф меорад. Шумо аз ин сафар чиро умедворед? Зимни мулоқоти Шумо бо раиси давлати Чин дар Душанбе кадом мавзӯъҳои асосӣ муҳокима карда мешаванд ?

Ҷавоб: Бояд гуфт, ки сафари Раиси Ҷумҳури Мардумии Чин хусусияти расмӣ надошта, балки хусусияти давлатӣ дорад. Ин мафҳум на танҳо ҷиҳати ташрифотӣ ва расмии масъаларо ифода мекунад, балки мазмуну мӯҳтавои калони маънавӣ дорад. Ман бесаброна интизори ташрифи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао ба Тоҷикистон ва мулоқот бо ӯ мебошам. Боварӣ дорам, ки сафар бо натиҷаҳои хуб дар рӯҳияи хайрхоҳию дӯстӣ ва ҳамкорӣ баргузор мегардад. Ин, умуман хоси муносибатҳои имрӯзаи Тоҷикистону Чин мебошад.

Гуфтан мумкин аст, ки мо зимни мулоқот бо тасдиқи муқаррарии принсипҳои умумии муносибатҳои ҳар ду давлат, аз ҷумла, додани дастурҳо барои ҳамкории стратегӣ ва эътимоди мутақобила маҳдуд нахоҳем шуд. Зимни мулоқот имкониятҳои муқоисаи мавқеъҳо, ба истилоҳ аниқтар сохтани ақидаҳо ва мавқеъҳои мо роҷеъ ба проблемаҳои муҳимтарини дуҷонибаю минтақавӣ ва байналхалқӣ ва дар мавриди зарурат бо розигии тарафайн то ҳадди имкон ислоҳ кардани онҳо пешбинӣ карда мешавад.

Умед аст, ки зуҳуроти сершумори сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарияти Чин дар масъалаҳои мусоидат ба рушди босуботи Тоҷикистон баъди анҷоми сафари Ху Сзинтао ба таври илова бо ҷудо кардани сармоя барои амалӣ сохтани барномаҳои ояндаи миллӣ ва минтақавии иқтисодӣ дар қаламрави Тоҷикистон тақвият дода хоҳад шуд. Ин ба манфиатҳои тӯлонии ҳар ду давлат ҷавобгӯ мебошад. Имрӯз коршиносони ҳар ду мамлакат маҷмӯи барномаҳои муштаракро баррасӣ менамоянд, ки дар байни онҳо барномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ, ҷустуҷӯ кардан ва истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ, захираҳои нафту газ, рушди соҳаи коммуникатсия ва алоқа, кишоварзӣ ва саноат афзалияти калон доранд. Қисми зиёди онҳо барои мо аҳамияти ниҳоят бузург ва хусусияти таъхирнопазир дорад.

Коршиносони ширкатҳои калонтарини Чин барномаҳои пешниҳоднамудаи моро ҳамаҷониба омӯхта, ба баъзеи онҳо мароқ зоҳир намуданд. Умед аст, ки мо ояндаи наздик ба туфайли дастгирии раиси давлати Чин Ху Сзинтао шоҳиди амалӣ сохтани барномаҳои нави самарабахши ҳамкории мамлакатҳоямон хоҳем гашт.

Умедворам, ки баъди сафари раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон мо ба такони нави воқеӣ дар рушди кулли муносибатҳои дуҷонибаи иқтисоди тиҷоратӣ муваффақ хоҳем шуд. Албатта барои иҷрои ин вазифа тадбирҳои мушаххасӣ мақсадноки сатҳи олӣ, ҳамчунин сохторҳои соҳибкории фаъол зарур аст.

Дар ин самт нақши фаъолияти комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ки тавонад лоиҳаи барномаи ҳамкории Тоҷикистону Хитойро дар бахши иқтисод барои солҳои то 2015 таҳия созад, хеле муҳим аст.

Дар ҳолати мувофиқати раис Ху-Сзинтао мо метавонистем ба сарвазирон имзои ҳуҷҷатҳоро дастур диҳем. Чунин мешуморам, ки дар доираи комиссияи байниҳукуматӣ, ки барои муайян кардани самтҳои асосии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии муваззаф шудааст, таъсиси сохтори нав пеш омадааст. Бо назардошти болоравии нақши Ноҳияи Мухтори Шинҷону – Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Хитой чунин меҳисобам, ки баррасии масъалаи зеркомиссияи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи мухтори Шинҷону Уйғур ба мақсад мувофиқ аст.

Имруз ба андешаи мо ҳадаф на танҳо афзоиши гардиши мол, балки таъсиси сохторе, ки тавонад ҳолати воқеии иқтисодии Тоҷикистону Хитойро инъикос намояд барои рушди ҳамкориҳои кишварҳоямон манфиатнок аст. Бо мавқеи ҷуғрофии худ Тоҷикистон метавонад пайвандгари ҳамсояи Чин – Ҷумҳурии Афғонистон бошад. Ин ва дигар омилҳо аҳамияти татбиқи лоиҳаҳоеро, ки на танҳо барои Тоҷикистону Чин, балки барои қаламрави васеи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аҳамияти стратегӣ дорад, афзун менамояд.

Дар бахши ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ тайёр кардани кадрҳои миллӣ диққати махсус мехоҳад. Бо истифода аз имконият барои афзун гардонидани шумораи квотаҳои донишҷуёни тоҷик дар Чин изҳори сипос менамоям.

Дар заминаи ҳамкории дуҷониба таъсиси сохторҳои алоҳидаи комиссияи байниҳукуматӣ дар бахши фарҳанг, илм, техника, тандурустӣ, варзиш, маориф ва моликияти зеҳнӣ ба рушди муносибот мусоидат мекард. Ман ба ояндаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин некбинона назар мекунам. Бовари дорам, ки мулоқоти навбатии Тоҷикистону Чин дар сатҳи олӣ ба ҳамкории бисёрҷабҳаи дуҷониба такони иловагии ҷиддӣ хоҳад расонд.

Савол: Шумо рушди робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чинро дар 16 соли баъди барқароршудани муносибатҳои дипломатии дуҷониба чӣ гуна арзёбӣ мекунед.

Ҷавоб: Хотиррасон мекунам, ки бо истиқлолият пайдо кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои мо бо Чин аз сифр шурӯъ гардид. Имруз муносибатҳо ба сатҳи баланди ҳамкориҳои стратегӣ расидааст. Моҳи январи соли 2007 баъди аз нав интихоб шудан ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин сафари хориҷии ман ба Чин амали шуд, ки аз таваҷҷӯҳи хоса ба муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин шаҳодат медиҳад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки моҳи марти соли 1993 аввалин сафари берун аз кишварҳои собиқ шӯравӣ ба ҳайси Сарвари Давлати Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом дода шуд, ки фикр мекунам ин омилҳо аҳамияти амиқи рамзи дорад. Дар ин давра муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар сатҳи баланд густариш ёфтанд. Ман бо мавқеи раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху-Сзинтао дар мавриди муносибатҳои байнидавлатии 15 соли охир мувофиқам. Мо дар барқарорӣ ва таҳкими робитаҳои сиёсию иқтисодӣ ва гуманитарӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидем. Шаффофият ва боварии амиқи байни ҳамдигарии роҳбарони ду давлат ва халқҳоямон асоси воқей гардид. Мулоқотҳои сатҳи баланди давлатӣ, ки стратегияи рушди муносибатҳоро муайян мекард, тез-тез баргузор мешуд. Мо дар воқеъ метавонем ҳалли муваффақона ва ниҳоии масъалаи таърихии сарҳадро дастоварди бузург ҳисобем. На танҳо гардиши мол, балки дар маҷмӯъ ҳамкории иқтисодӣ бо суръати баланд пеш мераванд. Ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ инкишоф меёбанд, дар бахши амният бошад, робитаҳо дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони Милали Муттаҳид рушд менамоянд.

Савол: Ҷаноби Президент, Шумо якчанд маротиба дар Ҷумҳурии Мардумии Чин будед, таассуроти шумо дар бораи Чин чӣ гуна аст.

Ҷавоб: Маро ҳар як маротиба дигаргуниҳои созанда ва бузург, ки бо суръати баланд меафзоянд, тасхир месозад. Мо дар Чин, дар ҳама ҷо пешравии ҳамаҷониба, шаффофият ва ташкилотчигии сатҳи баландро эҳсос мекунем. Сохтмонҳо бо ҷушу хурӯш ва навсозии васеъ бо истифодаи дастовардҳои навтарини илмию техникӣ пеш мераванд.

Ба ақидаи ман, муваффақиятҳои барномаи кайҳонии Чин натанҳо омили ифтихори халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин, балки тамоми Осиё мебошад. Дар солҳои ислоҳоти иқтисодӣ Хитой, ки якчанд таҷрибаҳо ва хароҷотҳои ҳарбии вазнинро аз сар гузаронида ба кишвари тез тарақиёбанда мубаддал шуд ва халқ, ки ба нерӯи худ боварӣ дорад, ба оянда некбин аст. Бо суръати афзояндаи иқтисодӣ Ҷумҳурии Мардумии Чин пешсафи ҷаҳон гардид. Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи истеҳсоли маводи ғизоӣ, пахта, ангишт, оҳан, семент, шиша ва масолеҳи пахтагин дар ҷаҳон дар ҷои аввал меистад.

Мо бо дастовардҳои ҳамсояи бузурги шарқиамон, ки дар сиёсати геополитикии қиъаи Осиё нақши таъсирнок дорад, ифтихор мекунем. Боварӣ дорам, ки дар ҳазорсолаи нав Чин дар иқтисодиёту сиёсати ҷаҳонӣ нақши мусбати бузург хоҳад бозид. Сиёсати хориҷии мо талош дорад, ки оқилона, некбинона ва ҳамзамон дӯстона ва шаффоф бошад. Мо бо пуррагӣ Ҷумҳурии Мардумии Чинро аз шарикони сиёсати хориҷии худ меҳисобем. Дар муносибатҳои байналмилалӣ баъзе ҳолатҳо, аз ҷумла пешгӯӣ ва софдилӣ нақши муҳим доранд. Чин ана ҳамин гуна сиёсатӣ хориҷиро пеш мебарад.

Савол: Мӯҳтарам, президент, аз шумо хоҳиш мекунем, ки хонандагони моро бо самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дохилии ҷумҳуриатон шинос кунед. Бо андешаи шумо дар назди Тоҷикистон алҳол кадом вазифаҳои муҳим истодаанд.

Ҷавоб: Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди худ ворид гардид. Бо мақсади таъсиси тадбирҳои рушди устовори минбаъдаи кишвар дар соли 2005 таҳияи барномаи дарозмӯҳлати иқтисодию иҷтимой – стратегияи миллии инкишофи Тоҷикистонро барои давраи то соли 2015 дастур додам. Ин ҳуҷҷати асосии стратегии кишвар дурнамо ва самтҳои сиёсати давлатиро, ки ба дастовардҳои болоравии устувори иқтисодӣ, дастрасии осони аҳолӣ ба хизматрасониҳои асосии иҷтимой ва паст намудани шиддати камбизоатӣ муайян мекунад, равона шудааст.

Дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистон ба мушкилоти ҷидди иқтисодӣ, ки бо шикасти собиқ иттиҳод, марҳилаи гузариш ва ҷанги шаҳрвандӣ вобаста буд, дучор шуд. Дар марҳилаи аввали рушди баъдишӯравии солҳои 1992-1997 тамоми қувва барои ба даст овардани суботи сиёсӣ, ва ташкили механизмҳои асосии иқтисоди бозорӣ равона шуда буд. Бо ин мақсад ислоҳоти иқтисодии васеъ ва гуногунҷабҳа татбиқ шуд. Дар натиҷа раванди бӯҳрони амиқи иқтисодӣ дар кишвар боздошта соли 1997 аввалин маротиба, ҳарчанд назарногир ҳам бошад, болоравии иқтисодӣ ба даст омад.

Мӯътадил шудани авзои сиёсию ҷамъиятӣ дар кишвар барои барқароркунии баъдинизоъ, авҷи ислоҳоти иқтисодӣ, татбиқи ҳамаҷонибаи барномаҳои иқтисодӣ, амалисозии тадбирҳои фарогир дар доираи марҳилаи дуюми рушди солҳои 1997 -1999 шароити мусоид фароҳам овард.

Иқтисодиёти мамлакат дар сатҳи баланд инкишоф меёфт. Аз соли 2000 сар карда, дар ҷумҳурӣ суръати баланди рушди иқтисодӣ таъмин гардид. Дар давраи солҳои 2000-2005 болоравии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ҷумҳурӣ 9,4 фоиз, афзуда, тавварум 7,1 фоиз шуд, қарзи беруна, ки соли 2000 ба 108 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар буд, 38 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил дод.

Суръати баланди барқарорсозии иқтисодиёт, ба даст овардани муътадилияти иқтисодӣ дар 5 соли охир сатҳи камбизоатиро аз 81 фоизи соли 1991, дар соли 2003 ба 64 фоиз расонид. Дар ноҳияҳои камбизоати кишвар нишондиҳандаҳои баланди пастравии шиддати камбизоатӣ ба қайд гирифта шуд. Ин тадбирҳо барои болоравии минбаъдаи иқтисодӣ, афзоиши ҳаҷм ва сифати хизматрасониҳои асосии иҷтимой ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар марҳилаи нави ҳозираи инкишоф асоси воқеӣ гузошт.

Алҳол Тоҷикистон барои инкишофи минбаъдаи иқтисоди бозорӣ ва дастовардҳои рушди ҳазорсола, ки аз ҷониби СММ қабул шудааст, талоши қавӣ дорад.

Барои муваффақ шудан ба ин ҳадафҳо афзалиятҳои миллӣ муайян карда шудаанд.

– ислоҳоти соҳаи идораи давлатӣ, ки ба ташаккули низоми рушди миллӣ нигаронида шудааст.

- хусусиятҳои асосие, ки шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва мубориза бар зидди ришвахуриро ифода мекунад.

- тарақиёти сектори хусусӣ ва ҷалби сармоя дар заминаи вусъати озодиҳои иқтисодӣ, таҳкими ҳуқуқӣ моликият ва қонуният ва тавсеаи шарокатидавлатӣ ва хусусӣ.

Афзун гардонидани нерӯи инсонӣ, пеш аз ҳама зиёд намудани ҳаҷм ва беҳтар намудани хизматрасонии иҷтимоии аҳолии камбизоат ва ба даст овардани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, иштироки фаъолонаи аҳолӣ дар ҷараёни рушд ва таҳкими шарокати иҷтимоӣ.

Вале ин барои ҳалли як қатор проблемаҳои имрузаи Тоҷикистон ҷалби сармояи хориҷиро талаб мекунад. Вобаста ба ин Ҳукумати ҷумҳурӣ барои мустаҳкам намудани муносибатҳо бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии молиявию қарздиҳанда дар доираи сиёсати берунии «дарҳои кушод» диққати ҷиддӣ медиҳад. Беҳтар сохтани шароити сармоягузорӣ имкон дод, ки ҷалби сармоягузории хориҷа дар давоми ду соли охир бештар гардад. Дар давоми солҳои 2006-2007 ба иқтисодиёти Тоҷикистон пеш аз як миллиард доллари ИМА ҷалб карда шуд. Дар мамлакат барномаҳои нави сармоягузорӣ таҳия мешаванд. Барномаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ, нақлиёт ва алоқа аз ҷумлаи онҳоянд.

Аз он ҷумла, бинои иншооти азими стратегӣ дар соҳаи гидроэнергетика ва нақлиёт. Таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки барои ҷалб намудани сармояи хориҷӣ нақши минтақаҳои озоди иқтисоди басо бузург аст. Моҳи майи соли ҷорӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси ду минтақаи озодӣ иқтисоди ба мӯҳлати 25 сол қабул карда шуд. Ин минтақаҳо дорои шароити имтиёзноки иқтисодӣ, чӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва чӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ пешбинӣ шудааст. Ва он аз дигар минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷиҳати пардохти гумрукӣ ва андоз мебошад. Ин раванд ба рушди муттасили иқтисодиёт ва муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ имконият медиҳад. Мо ҳаминро ба ҳисоб мегирем, ки истифодаи таҷрибаи калони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ташкил ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба хоҳад гашт.

Савол: Ба ақидаи шумо, кадомин самтҳои ҳамкорӣ барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Хитой афзалиятнок шуморида мешаванд.

Ҷавоб: Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз самтҳои афзалиятноки стратегии сиёсати берунӣ ба шумор меравад.

Ҳамкории дуҷонибаи мо имруз дар заминаи боэътимоди қонунӣ густариш меёбад, то имруз байни ҳар ду кишвар 100 ҳуҷҷати дорои хусусияти байниҳукуматӣ, байни -давлатӣ ва байниидоравӣ имзо шудааст. Дар байни онҳо Муоҳадаи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ аз 15 январи соли 2007 мақоми хос дорад. Таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ рафоқат ва ҳамкорӣ байни кишварҳоямон ҷавобгӯи манфиатҳои кулли ин ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар мебошад, ки ба сулҳу субот дар ҷаҳон ва амният дар манотиқи Евразия нигаронида шудааст.

Бо ин мақсад мо минбаъд кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сатҳи нав баланд бардошта, аз наслҳо ба наслҳо боқӣ гузорем.

Давлатҳои мо дар ҷаҳони муосир, ба муносибатҳои васеи байналмилалӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ назари ягона доранд. Мо барои таъмини амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ қувваҳои худро бар зидди «се вабо»- терроризми байналхалқӣ, ҷудоихоҳию ифротгароӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи муходир равона мекунем.

Тоҷикистон ҳамаҷониба қадамҳои Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки ба ягонагии давлат равон карда шудаанд, дастгирӣ намуда, бар ҳама шаклҳои «истиқлолияти Тайван» зид мебошад. Ин мавқеи мо дар масъалаи ваҳдат, истиқлолият, ягонагии ҳудудии Чин ва мубориза ба муқобили ҷудоихоҳӣ қавӣ ва тағйирнопазир аст.

Созишномаи соли 2007 оид ба ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ саҳифаи наверо дар таърихи ҳамкориҳои мо боз намуд. Ин ҳуҷҷати базавӣ- сиёсӣ, бе шак, заминаи шартномавию ҳуқуқӣ ва асоси маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чинро гузошт. Мо ба сари вақт, пурра ва бо суръат амалӣ сохтани ин муоҳида ва созишномаҳои дигари муҳим бо мақсади мустаҳкам сохтан ва афзун гардонидани муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодии худ манфиятдорем.

Мо бояд аҳамияти дастгирии якдигарро дар масъалаҳои сатҳи баланд ва сатҳи давлатӣ, ки ба мақоми муносибатҳои сиёсии ҳарду кишвар муҳим аст, коҳиш надиҳем. Роҳбарони ҳар ду давлат ҷонибдори тараққиёти умумии давлатҳои ҳамсарҳад мебошанд. Маълум аст, ки ҷониби Чин сармоягузори бахшҳои муҳим дар Тоҷикистон буда, муносибатҳои иқтисодӣ ботадриҷ густариш меёбанд. Ҷониби Чин бо тамоми ҳастӣ пешниҳодҳои моро оид ба мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар иҷрои барномаҳои бузурги энергетикӣ дастгири менамоянд. Хурсандиовар аст, ки лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди «Душанбе-Чаноқ», хати интиқоли барқ ва сохтмони нақб, ки аҳамияти стратегӣ доранд аз ҷониби Чин аз рӯи нақша дар сатҳи баланд амалӣ мегарданд. Мо бо ҷониби Чин дар масъалаи мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар бахшҳои муҳим-нақлиёт, энергетика, хоҷагии халқ, тиҷорати сарҳадӣ ва телекоммуникатсия нигоҳи ягона дорем.

Бояд таъкид намуд, ки дар баробари лоиҳаҳои бузургӣ якҷоя, дар Тоҷикистон шумораи корхонаҳо ва мутахассисони чинӣ меафзоянд ва мо бобати таъмин намудани ҳуқуқ ва мусоид намудани фазои инвеститсионӣ ва хоҷагидорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳем.

Мо ҳамаҷониба бобати густариш ва таъмини шароити хуби ҳамкориҳои судманди тарафайнро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодиёт, нақлиёт, илму техника, энергетика, маъданҳои кӯҳӣ, хоҷагии халқ, телекоммуникатсияву инфраструктура, мусоидат дар сарҳадот ва муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии минтақавӣ ҳавасманд мебошем.

Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки минбаъд фаъолона ҳамкориро дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, тандурустӣ, адлия, иттлооту нашр, варзиш ва сайёҳӣ, таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро байни вилоятҳо ва бародаршаҳрҳо, созмонҳои ғайридавлатӣ ва соҳибкорони ҳар ду кишвар вусъат диҳад.

Самти ҳамкориҳои алоқаманд бо ҳифз ва густариши вазъи муҳити зист, пешгирии ифлосшавӣ, истифодаи босамари захираҳои обӣ ва дигар манбаъҳо, ҳифзии растаниҳои нодир, ҳайвонот ва экосистемаҳои табиӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, огоҳонидани ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва характери техникидошта ва бартараф намудани оқибатҳои онҳо ҷолиб ва мароқангезанд.

Фикр мекунам, ки ҳамкорӣ дар самти муносибатҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ бо Ҷуҳурии Мардумии Чин идома ёфта, бар зидди кишвари сеюм нигаронида нашуда, ҷиҳати вусъат ва густариши тадбирҳои боварибахши соҳаи ҳарбӣ равона мешаванд. Ҷониби Тоҷикистон дурнамои ҳамкориро ба назар гирифта, ба афзоиши муносибатҳои ҳарбӣ дар сатҳҳои гуногун, расонидани кӯмаки байни ҳамдигарӣ дар самти омӯзиш ва тайёр кардани мутахассисони низомӣ умед мебандад.

Мо кӯшиши якҷояро барои густариш ва ҳамоҳанг сохтани ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай пешниҳод менамоем ва вусъат додани ҳамкориро дар соҳаҳои амният, иқтисодиёт, башардӯстӣ ва соҳаҳои дигар, дар назар дорам, ки Созмон дар ҳифзи сулҳу субот нақши муҳимро бозида, ҳам дар ҳамгироии рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа, бо мақсади табдили Осиёи Марказӣ ба минтақаи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, ошкорбаёнӣ, зиндагии шоиста ва тавоуни комил нақши муҳим хоҳад бозид.

Савол: Аз Шумо хоҳиш менамоем, ки як чанд сухан ба хонандагон ва тамошобинону шунавандагони мо иброз доред.

Ҷавоб: Тавре маълум аст, нақши васитаҳои ахбори омма ва технологияи иттилоотӣ дар марҳилаи ҳозираи рушди инсоният ба таври тасаввурнопазир афзудааст.

Дар истеҳсоли маҳсулоти иттилоотӣ нақши муҳимро журналист - субъекти фаъоли ислоҳоти мафкураи мардум дар масъала ва мавзӯъ мебозад.

Мо омода ҳастем минбаъд бо воситаҳои ахбори оммаи Чин ба таври самарабахш ба хотири наздикии давлатҳо ва халқҳоямон ҳамкорӣ намоем. Аз ин ҳамгироӣ бо воситаҳои ахбори омма дараҷаи фаҳмиши ҳамдигар, рушди фаъолонаи муносибот дар соҳаҳои гуногун, ҷалби сармоягузорон ва сайёҳон вобастагии калон дорад.

Ҳамеша аз истиқболи дидори бародарони чинӣ дар кишвари Тоҷикистони меҳмоннавоз хушнудам.

Ба ҳамаи хонандагон, шунавандагон, бинандагон ва ҳамаи халқи Чин хушбахтӣ, шукуфоӣ, тансиҳатӣ ва барори кор хоҳонам.

(22 ИЮЛИ СОЛИ 2008)

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520