Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Ларс Тюнелл ва Директори иҷрокунандаи гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба Тоҷикистон Мишел Мордасини

14.08.2008 18:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Ларс Тюнелл ва Директори иҷрокунандаи гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба Тоҷикистон Мишел Мордасиниро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории имрӯза ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон бо ин созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо дар бораи ҳамкории судманд дар беҳтарнамоии сиёсати пулию қарзӣ ва фазои инвеститсионӣ, сармоягузории мустақим ба иқтисодиёти Тоҷикистон, дастгирии соҳибкории хурду миёнаи хусусӣ ва иштирок дар рушди соҳаи энергетика гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Зикр гардид, ки аз соли 1994 то имрӯз бо мувофиқати Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ барномаю лоиҳаҳои зиёд, аз ҷумла дар афзунсозии қобилияти қарздиҳии бонкҳои саҳҳомии Тоҷикистон, дастгирии бевоситаи соҳибкории хурду миёнаи хусусӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои лизинг ва қарзи ипотекӣ, сармоягузорӣ ба соҳаҳои гидроэнергетика ва кишоварзӣ корҳои муҳим амалӣ гаштаанд. Дар 14 соли ҳамкорӣ бо розигии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ ба Тоҷикистон 55 миллион доллари амрикоӣ инвеститсия равона шудааст, ки 17 миллиони он танҳо ба соли 2007 рост омада, аз афзоиши сармоягузорӣ гувоҳӣ медиҳад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чунин ҳаҷми маблағгузорӣ ва иштироки Корпоратсияи Байналмилалии Молиявиро дар дастгирии рушди иқтисодиёти Тоҷикистон нокифоя номида, таъкид дошт, ки имкону захираҳо барои афзун намудани ин нишондодҳо хеле зиёданд.

Ларс Тюнелл изҳор дошт, ки Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ ва Бонки умумиҷаҳонӣ минбаъд рушди иқтисодиёти Тоҷикистонро бештар дастгирӣ намуда, дар бартараф кардани мушкилоти соҳаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор, мусоидат ба афзоиши хазинаи қарзии бонкҳои саҳҳомӣ ва хусусан дар азхудкунии имконоти фаровони гидроэнергетикӣ иштироки фаъол хоҳанд дошт. Ҳамин нуктаро ҳамчунин Директори иҷрокунандаи гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба Тоҷикистон Мишел Мордасини таъкид намуд.

Ба андешаи онҳо сохтмони нерӯгоҳҳои обии нави Тоҷикистон, хатҳои баландшиддати минтақавии интиқоли нерӯи барқ ва бисёр дигар лоиҳаҳои ҳаётан муҳим, ки дар татбиқи онҳо Бонки умумиҷаҳонӣ ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ иштироки фаъол хоҳанд дошт, ба афзоиши сармоягузории онҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ боис мешавад.

Зимни гуфтугӯйи судбахш нишондодҳои муътадили рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, беҳтаршавии фазои инвеститсионӣ, бартарафгардии монеаҳои инкишофи соҳибкорӣ, аз ҷумла эълон шудани мораторий дар бораи манъи дусолаи санҷишҳо аз омилҳои умедбахши пешрафти иқтисодиёти кишвар маънидод гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520