Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Жуогу

25.08.2008 16:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Жуогуро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонки бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти давлати Чин барои дастгирии намоён аз рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари мо арзи сипос намуда, нақши Бонки содироту воридотро дар татбиқи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвари ҳамсоя муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки сармоягузории се лоиҳаи бузурги инвеститсионии Тоҷикистон- сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқи Ҷануб-Шимол, Лолазор-Хатлон ва азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок бо нақби Шаҳристон ва иншооти зиддитармавӣ маҳз аз ҷониби ҳамин бонк сурат мегирад.

Ли Жуогу изҳор дошт, ки Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ ҳамкории пурсамари худро бо Тоҷикистон идома ва густариш медиҳад. «Мо омодаем дар сармоягузории сохтмони нерӯгоҳҳои обии барқӣ, истихроҷ ва истифодаи васеъи захираҳои фаровони ангишт ва дигар канданиҳои фоиданок, сохтмон ва азнавсозии роҳҳо ва бисёр дигар лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон, ки дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ мебошанд, иштироки фаъол дошта бошем», - таъкид намуд Раиси Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин.

Ҳарду ҷониб изҳори боварӣ намуданд, ки сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пагоҳ оғоз меёбад ва ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ ба рушди муносибатҳои бисёрсоҳаи ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520