Шоми рӯзи 27 август дар қароргоҳи беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар дараи хушманзараи Варзоб мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гашт.
Дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай - Эмомалӣ Раҳмон, Ху Тсзинтао, Дмитрий Медведев, Нурсултон Назарбоев, Ислом Каримов ва Қурмонбек Боқиев ва оид ба мавзуъоти рӯзномаи ҳамоиши навбатии Шӯрои сарони давлатҳои ин созмон ва масоили гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ табодули назар карда шуд.
Хотиррасон мекунем, ки Тоҷикистон, Чин, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон ин шаш давлат аъзои комилҳуқукӣ Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд. Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва Муғулистон давлатҳои нозири Созмони ҳамкории Шанхай ба шумор мераванд.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар назар аст, ки якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расида, ба густариши минбаъдаи муносибатҳо дар доираи ин созмон заминаи боэътимод мегузоранд.