Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани хатти оби полезӣ барои бунёди 150 гектар боғи хуч дар шаҳри Истиқлол ва боздид аз намоиши маҳсулоти хоҷагии ҷангали вилояти Суғд

30.03.2023 10:01, шаҳри Истиқлол
Ба истифода додани хатти оби полезӣ барои бунёди 150 гектар боғи хуч ва боздид аз намоиши маҳсулоти хоҷагии ҷангали шаҳри Истиқлол  30.03.2023

30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар   маҳаллаи Меҳнатободи шаҳри Истиқлол хатти оби полезиро, ки барои бунёди 150 гектар боғи хуч пешбинӣ гардидааст, ба истифода доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин мавзеъ барои парвариши ниҳоли хуч мувофиқу муносиб буда, тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа, аз ин қитъа метавон ҳосили хуб ба даст овард. Аз ин рӯ, хатти оби полезӣ барои бунёди боғи мазкур аз масофаи 5,5 километр кашида шуда, ба таври худҷореъ об то ба ин нуқта мерасад.

Саргаҳи оби полезӣ дар мавзеи Бинокори шаҳр ҷойгир буда, хатти об то боғи навбунёд ба воситаи қубурҳои калонҳаҷми қутрашон 250 миллиметра кашида шудааст ва барои фаъолияти доимӣ иншооти ирригатсионӣ бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ бунёд гардидааст.

Зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки боғи навбунёд барои истифода ба 40 оилаи ҳудуди шаҳр тақсим гардидааст, ки пас аз боровар гардидани ниҳолҳои шинонидашуда ин оилаҳо аз ҳисоби парвариши хуч даромади хуб ба даст хоҳанд овард. Зеро талабот ба он ҳам дар бозорҳои дохилӣ зиёд аст ва ҳам хуч ҳамчун маҳсулоти содиротӣ дар бозорҳои дигар кишварҳо харидорони худро дорад. Ҳамчунин дар ҳудуди вилоят феълан коркарди ин навъи маҳсулот дар шакли мураббо ва нӯшобаҳои табобатӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст ва боғи навбунёд минбаъд метавонад дар таъмини эҳтиёҷоти чунин коргоҳу корхонаҳо бо маҳсулоти аввалия нақши асосӣ бозад.

Бояд қайд кард, ки хатти оби полезӣ ва ташкили боғи хуч дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири истифодаи самараноки заминҳои ҳудуди шаҳри Истиқлол ташкил шуда, минбаъд имкон аст, ки масоҳати ин боғ то 187 гектар расонида шавад.

Барои нигоҳубини дурусти ниҳолҳои шинонидашуда ва минбаъд васеъ намудани майдони боғи мазкур ва рушд додани истеҳсоли хуч, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва кишоварзони шаҳр дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар ҳамин мавзеъ Пешвои муаззами миллат ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни ин хоҷагӣ, ҳамсони намунаи гиёҳҳои шифобахши бастубандгардида, шарбату афшураҳои гуногуне, ки аз маҳсулоти табиии Тоҷикистон омода гардидаанд ва нӯшобаҳои аз анору хуч омодагашта ба маъраз гузошта шуд.

Дар намоиши мазкур ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта Хоҷагии ҷангали вилоят ба миқдори 103 тонна хуч ҷамъоварӣ намуда, барои коркард ба корхонаҳо ва дигар харидорон пешниҳод кардааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид масъулинро муваззаф намуданд, ки минбаъд барои ҷамъоварии босифати маҳсулот ва банду басти замонавии он ҳамаҷониба чораандешӣ намуда, содироти маҳсулоти ниҳоии аз ҷиҳати экологӣ тозаро бо тамғаҳои гуногун ба кишварҳои мухталиф афзоиш диҳанд.      

   

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520