Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари Маъмурияти Президенти Федератсияи Россия Сергей Наришкин

17.09.2008 21:00, шаҳри Душанбе

Шоми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Маъмурияти Президенти Федератсияи Россия Сергей Наришкинро, ки чун сарвари ҳайати расмии ин давлат баҳри иштирок дар Форуми сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия ва мавзӯъҳои Форуми мазкур баррасӣ шуд.

Таваҷҷӯҳи махсус ба масоили ҳамкории бунёдии иқтисодии ду кишвар, аз ҷумла дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷи газу нафт ва дигар канданиҳои фоиданок зоҳир гардид.

Аз рафти сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1, ки то охири соли равон бояд ба анҷом расад, созишҳои дуҷониба оид ба сохтмони се нерӯгоҳи миёнаиқтидори обии дигар дар ҳудуди Тоҷикистон ва аз омодагии ҷониби Россия баҳри иштирок дар сохтмони нерӯгоҳи азими Роғун изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Рушди ҳамкориҳои илмӣ фарҳангӣ ва маърифатӣ низ аз мавзӯъҳои сӯҳбат буд. Мусоҳибон аз омодагии ҳарду ҷониб баҳри кушодани филиалҳои се муассисаи олии таълимии Россия дар Тоҷикистон ва дигар тадбирҳои муштарак изҳори қаноатмандӣ карданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки Форуми сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба дарёфти роҳҳои наву судбахши ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ ва техникию технологӣ муваффақ шуда, аз худ нақши муҳим мегузорад.

Хотиррасон мекунем, ки Форуми мазкур пагоҳ дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ба кори худ шурӯъ намуда, ду рӯз идома меёбад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520