Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз сафири нави фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Тоҷикистон Дорис Гертрампф

17.10.2008 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафири нави фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Тоҷикистон Дорис Гертрампф эътимоднома қабул намуд.

Дар сӯҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо хонум Дорис Гертрампф, ки баъди қабули эътимоднома сурат гирифт, масоили густариши ҳамкории Тоҷикистону Олмон баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҷумла, таъкид дошт: - «Олмон шарики боэътимод ва деринаи мо дар қитъаи Аврупо аст ва муносибатҳо бо он аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад».
Аз пайвастагии робитаҳои сиёсии ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ низ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Робитаҳои иқтисодие, ки дар сатҳи вазорату идораҳо ва доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Олмон имрӯз густариш пайдо мекунанд, бояд мавриди дастгирӣ ва ҳавасмандкунӣ қарор гирад, таъкид гардид дар сӯҳбат.

Иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии кишвари мо, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, таҳкими ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон, ҳамгироӣ дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, пеш аз ҳама бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвар маънидод гардид.

Ба гуфти Дорис Гертрампф Ҷумҳурии Федеролии Олмон барои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои 2008 ва 2009 36 миллион евро ҷудо намудааст ва ҳамчунин омода аст, ки дар татбиқи баъзе аз лоиҳаҳои энергетикӣ саҳмгузор бошад.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи авзои кунунии Афғонистон, рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520