Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари гурӯҳи кории Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфеннигро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории имрӯза ва ояндаи Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.
Аксел Шиммелпфенниг ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои татбиқи Барномаи мониторинги Хазинаи байналмилалии асъор ва рафти санҷиши фаъолияти Бонки Миллии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи Тоҷик» ва ШСХК «Барқи Тоҷик» ахбор дод.
Аз ҷараёни татбиқи Барномаи мониторинги Хазинаи байналмилалии асъор, ки мутобиқи нақша бояд то моҳи декабри соли равон ба анҷом расад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки гуфтушунидҳо барои гузаштан ба Барномаи нави ҳамкорӣ оид ба паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодии Тоҷикистон аллакай оғоз ёфтааст.
Ба андешаи Аксел Шиммелпфенниг Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодӣ, тақвияти буҷети давлатӣ ва зиёд намудани захираҳои байналмилалии молиявии худ натиҷаҳои намоёнро ба даст овардааст.
Ҳарду ҷониб аз рафти барқароршавии фазои мусоиди рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар муассисаҳои ҷаҳонии молиявӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.