Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори минтақавии Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Аннет Диксон

25.11.2008 18:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Аннет Диксонро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ бо Бонки умумиҷаҳонӣ ва дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Таваҷҷӯҳи зиёд ба нишондодҳои рушди макроиқтисодии Тоҷикистон, бартарафсозии оқибатҳои зимистони шадиди гузашта, омодагӣ ба зимистони имсола, рафти санҷиши махсуси фаъолияти Бонки Миллии Тоҷикистон, таъмини шаффофият дар фаъолияти ШСХК «Барқи тоҷик» ва КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» зоҳир гардид. Аз рафти татбиқи Барномаи махсуси мушоҳидавӣ, ки зери назари Хазинаи байналмилалии асъор амалӣ мегардад ва иҷрои ӯҳдадориҳои ҷониби Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ба гуфти Аннет Диксон, Бонки умумиҷаҳонӣ метавонад ҳамкории худро бо Тоҷикистон тавсиа дода, ҳаҷми маблағгузориҳоро барои дастгирии рушди иқтисодӣ ва бартарафсозии таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ афзун намояд.

Мусоҳибон ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520