Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Али Бобоҷон

26.11.2008 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Али Бобоҷонро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркия баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, рушди бонизоми ҳамкориҳоро натиҷаи робитаҳои пайвастаи сарони ду давлат ва ҳавасмандии муштарак маънидод кард.

Мусоҳибон аз болоравии мубодилоти молу маҳсулот изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид бар он доштанд, ки соли гузашта ҳаҷми он ба 550 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд ва имсол ин нишондод аз ин ҳам зиёд хоҳад шуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки имрӯз наздики 50 корхонаю ширкатҳои туркӣ дар Тоҷикистон фаъолияти пурсамар доранд, аз ҷумла дар соҳаи сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва бунёди меҳмонхонаю марказҳои тиҷоратӣ.

Аз робитаҳои илмию фарҳангӣ ва таҳсилотӣ низ қаноатмандӣ зоҳир гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи муносибатҳои Тоҷикистону Туркия дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, авзои кунунии минтақавӣ, рушди ҳамкориҳо дар Осиёи Марказӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520