Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

10.12.2008 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроия ва Мушовирони давлатии Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар шахсони дахлдор оид ба омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2008 ва муайянсозии нақшаҳо барои соли 2009 машварати корӣ анҷом дод.

Таваҷҷӯҳи махсус ба иҷрои Буҷети давлатии соли 2008 зоҳир гардид. Дар ин бора ахбори вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, Раиси Кумитаи андоз Ҳаким Солиев ва Сардори Хадамоти гумрук Гурез Зарипов шунида шуд.

Аз ҷумла зикр гардид, ки дар 11 моҳ ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 миллиарду 536,5 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи даромадҳо 311 миллион сомонӣ ва нисбат ба соли 2007 1 миллиарду 435,5 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар ҳамин давра нақшаи пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ мутаносибан ба андозаи 106,3 ва 126,2 дар сад иҷро шудааст.

Оид ба натиҷаҳои пешрафти энергетикию саноатӣ гузориши Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ шунида шуд. Таъкид гардид, ки сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ, барқарорсозии корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ, бунёди корхонаҳои нав ва дигар корҳо мувофиқи нақша идома доранд.

Ба иҷрои нақшаи кишти тирамоҳӣ, аз ҷумла дар майдони 170 ҳазор гектар гузарондани кишти тирамоҳии ғалладона, омодагӣ ба кишти баҳорӣ ва тайёр кардани 160 ҳазор гектар заминҳои обӣ барои кишти такрорӣ низ таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шуд. Дар ин бора Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов гузориш дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо баҳри ҷамъбасти натиҷаҳои сол ва банақшагирии дурусти корҳо барои соли оянда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин оид ба пешгирӣ аз сӯхтор ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар арафаи соли нави мелодӣ ба роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва хусусан муассисаҳои таълимию тандурустӣ дастуру ҳидоятҳо дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520