Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи дуюми Шӯрои машваратии назди Президенти Тоҷикистон оид ба беҳтарнамоии фазои инвеститсионӣ

18.12.2008 17:00, шаҳри Душанбе

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи дуюми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтарнамоии фазои инвеститсионӣ баргузор гашт.

Дар кори ҷаласаи Шӯрои машваратӣ ҳамчунин Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Матлубхон Давлатов, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фарух Ҳамралиев, Роҳбари муассисаи минтақавии Бонки таҷдид ва рушди Аврупо Матю Ле Блан, Директори лоиҳаи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ В. Вернер, Директори Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон Кэролин Брайн, Раиси идораи Асотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёна Матлуба Улҷабоева Президенти ширкати «Тетис Тоҷикистон Лимитид» Дэвид Робсон, Директори генералии ширкати Рухом Муфарраҳ Муҳаббатов, дигар аъзои шӯро ва шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Дар маҷлиси навбатии Шӯрои машваратӣ нахуст масоили иҷрои қарорҳои дар машварати гузашта қабулшуда баррасӣ гардид. Аъзои Шӯрои машваратӣ зимни гузоришҳои худ оид ба рафти татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мароторий ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна» андешаронӣ намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияи давлатии Тоҷикистон дар ин давра як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии зарурӣ қабул шуданд. Дар маҷмӯъ ба оғози кори Шӯрои машваратӣ ва рафти беҳтаршавии фазои инвеститсионии Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд.

Барои беҳтарнамоии минбаъдаи фазои инвеститсионӣ, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ ва рушди соҳибкорӣ дар кишвар масоили такмили низоми идорию иҷозатномадиҳӣ баррасӣ шуд.

Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтарнамоии фазои инвеститсионӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дастур дод, ки дар кӯтоҳтарин мӯҳлат санадҳои заруриро оид ба ислоҳоти низоми иҷозатномадиҳӣ таҳия ва пешниҳод намоянд.

Масъалаи дигари рӯзномаи машварат беҳтарнамоии обрӯйи байналмилалии Тоҷикистон аз рӯйи нишондодҳои «Сохтмон» буд.

Аз рӯйи натиҷаҳои машварати имрӯза Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Нақшаи татбиқи чораҳои мушаххаси ба беҳтарнамоии обрӯйи байналмилалии Тоҷикистон равонагаштаро тасдиқ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар пешниҳод намуд, ки Барномаи «180 рӯзи ислоҳот» таҳия карда шавад, ки ба беҳтарнамоии фазои инвеститсионӣ, рушди бахши хусусӣ, ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ равона гашта бошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520