Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави Ҷумҳурии Литва дар Тоҷикистон Ромуалдас Козировичюс

26.01.2009 16:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Ҷумҳурии Литва дар Тоҷикистон Ромуалдас Козировичюс эътимоднома қабул намуд.

Дар сӯҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Ромуалдас Козировичюс, ки баъди маросими супурдани эътимоднома сурат гирифт, ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Литва баррасӣ шуд.

Афзоиши мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар, ки ҳаҷми он дар соли 2008 беш аз 110 миллион доллари амрикоро ташкил дод, нишона аз вуҷуди имконоти васеи ҳамкории иқтисодӣ маънидод шуд ва таъкид гардид, ки ин нишондод бояд боз ҳам афзоиш ёбад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари расмии пешомади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Литва ба густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, техникию технологӣ ва илмию фарҳангии ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

Бунёди корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон оид ба истеҳсоли маводи сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо технологияҳои пешрафтаи аврупоӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикию нақлиётӣ ва густариши интиқоли молу маҳсулот аз қаламрави ду кишвар аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои иқтисодӣ арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон, мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520