Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоияи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

07.02.2009 12:00

Воситаҳои ахбори оммаи кишвар яке аз унсурҳои ҷудонашаванда ва хеле муҳими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон ба шумор мераванд ва дар рушду нумӯи мамлакат ва ҷомеаи мо нақши сазовор доранд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо иттилоъ доданд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаи озод ва беҳтар гардидани дастёбии онҳо ба иттилооти расмӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мекунад. Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005 оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пас аз ҷамъбасти натиҷаҳои ҳар семоҳа гувоҳи ин гуфтаҳо буда, дар таҷрибаи давлатҳои узви ИДМ падидаи нодир аст.

Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти озоди воситаҳои ахбори оммаро бе танқид ва таҳлилу муҳокимаронӣ перомуни масъалаҳо ва мавзӯҳои доғи рӯз тасаввур карда намешавад. Маълум аст, ки ҳеҷ гуна пешравию тараққиёт бидуни танқид ба даст намеояд. Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ин рисолати хешро хуб дарк мекунанд ва ҳамарӯза маводҳои таҳлилию танқидӣ ба табъ мерасонанд ё пахш менамоянд, ки аксаран ба мавзӯю масъалаҳои мубрами рӯз бахшида шудаанд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» маводҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма дарҷ ва пахш мешаванд ва ба пешниҳодҳо ва арзу шикояти шаҳрвандон вобаста мебошанд, аз ҷониби мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва ташкилоту муассисаҳо бояд баррасӣ ва нисбати онҳо чораҷӯӣ карда шаванд.

Вале, мутаассифона, ба ин нигоҳ накарда, аксари маводҳои танқидиву таҳлилие, ки тавассути барномаҳои телевизиону радио пахш мешаванд ва дар рӯзномаву маҷаллаҳо дарҷ мегарданд, аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ беҷавоб мемонанд. Ҳол он ки воситаҳои ахбори омма дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии дахлдор метавонанд ҷиҳати ба аҳолӣ фаҳмонда додани сабабҳои бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва пешгирӣ намудани оқибатҳои он дар мамлакат нақши муассир дошта бошанд.

Аз ин лиҳоз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520